Маълумоти охирин

ХУСРАВОНӢ

ХУСРАВОНӢ Хусравониёт 1) Силсилаи сурудҳои маросимист, ки Борбади Марвӣ барои Хусрави Парвиз эҷод кардааст. Матни Хусравониро дар аҳди Сосониён аз порчаҳои насрӣ ва назмии «Авесто» («Яштҳо») интихоб намудаанд.

2) Мақом ва оҳангҳои силсилавӣ, ки чандин таронаву оҳангҳоро дар бар могирад. Xусравонӣ барои ба вуҷуд омадани мақом ва мақомхонӣ замина гузошта аз ҳафт суруд («Ганҷи Гов», «Ганҷи Фаридун», «Ганҷи Комрон», «Ганҷи Бодовард», «Ганҷи Сохта», «Ганҷи Сухта», «Ганҷбод») иборат мебошад, ки дар суруд боз ба чандин қисмат ва шохаҳо ҷудо мешавад. Силсилаи аввали таронаву оҳангҳои Xусравонӣ «Сакоф», «Модарасонон», «Соякод», “Сесам», «Чуброн» ва силсилаи дуюм «Чакак», «Шахах», «Шовард», «Хоракон», «Шодурвони марворид», «Шубоб». «Шодбод», «Шоҳӣ», «Қайсарон», «Ҳафтганҷ», «Хуққаи Ковус», «Қуфли румӣ». 3) Гушаи созӣ дар мақоми «Рост» Панҷгоҳ» байни гушаҳои «Нағма» ва «Рўҳафзо». Гўшаи мусиқӣ дар мақоми «Моҳур» («Ҳафт дастгоҳ»-и Эрон), ки байни гўшаҳои «Дод», «Дилкаш» омада, яке аз ҷузъиёти муҳими созию овозии ин мақом ба шумор меравад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …