Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад

ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад

ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 10) Муаллифи «Маҷмаъулфу-саҳо» ўро Хуросони медонад. Ба қавли Авфӣ ў аз «шуарои оли Сомон» аст. Девонаш то ҳол дастрас нагардидааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Аз қитъаҳои дар «Лубоб-ул-албоб» омадааш бармеояд, ки Xусравонӣ бештар ба масъалаҳои панду ахлоқ даст задааст. Xусравонӣ яке аз пайравони Рудакӣ будааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» якчанд байт» ташбиби ўро иқтибос кардааст.

А. Абдуллаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …