Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУСРАВӢ Муҳаммадбоқир Мирзо

ХУСРАВӢ Муҳаммадбоқир Мирзо

ХУСРАВӢ Муҳаммадбоқир Мирзо, (1849, Кирмоншоҳ—1919, Теҳрон), шоир ва насрнависи эронӣ. Қасоид ва ғазалиёташ дар маҷмўае с. 1926 дар Теҳрон ба чоп расидаанд. Китоое бо номи «Дебои Хусравӣ» дар бораи 220 наф. шоирони араб ва осори онҳо, инчунин рисолае дар илми арўз ба унвони «Таш-реҳ-ул-илал» навиштааст. Романи «Шамс ва Туғро» (1911) аз таълифоти муҳимми ўст. Ин асар нахустин романи таърихӣ (тасвири воқеоти замони муғулҳо дар Эрон) дар адабиёти Эрон буда, муаллифи он яке аз асосгузорони насри навини форсӣ ба шумор меравад. Ғ. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …