Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ

ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ

amir-xusravi-dehlavi

ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ Яминуддин Абулҳасан Амир (1253, ш. Патёлии соҳили дарёи Ганг — 27. 9. 1325, Деҳлӣ), шоир ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон. Падари ў Сайфуддин Маҳмуд бо оилааш дар арафаи истилои муғул аз ш. Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) ба Ҳиндустон фирор кард. Xусрави Деҳлавӣ дар 20-солагӣ таҳсили илмҳои расмии замонашро ба поён расонда, дар дарбори ҳокимони Банголаю Деҳлӣ дар вазифаҳои гуногун хидмат кардааст. Xусрави Деҳлавӣ . аз 7—8-солагӣ ба шеъргуӣ пардохта, дар 12-солагӣ шеърҳои пухта гуфтааст. Дар шеърҳои аввалинаш «Султонӣ» тахаллус доштааст. Зиндаги Xусрави Деҳлавӣ дар яке аз давраҳои хеле ноором ва пур аз кашмакашҳои сиёсии Ҳиндустон гузаштааст. У шоҳиди бевоситаи бисёре аз ин ҳодисаҳо буда, қисми зиёди онҳоро дар осори худ инъикос кардааст. Шоир 52 соли ҳаёташро дар муҳити адабии дарбор ва хидмати ҳокимону султонҳо гузаронда, қабоҳати ҳаёти феодалӣ ва дасисакориҳои дарбориёнро бо чашми худ дидааст.

Xусрави Деҳлавӣ бо вуҷуди номусоидии рўзгор ва гирифториҳои муҳити дарбор аа худ осори гаронбаҳои манзуму мансури зиёде боқӣ гузоштааст. Муаллифони сарчашмаҳои адабӣ нависандаи ниҳоят сермаҳсул ва соҳиби таълифоти бисёр будани уро таъкид намуда, мероси бадеиашро ба «баҳри беканора» монанд кардаанд. Xусрави Деҳлавӣ қариб дар тамоми навъҳои маъмули шеъри классикӣ, аз қабили ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, маснавӣ ва ғ. асарҳои манзуми хурду калони зиёде офарида, доир ба масъалаҳои таърих, тасаввуф, назарияи назму наср, сабки адабию санъатҳои бадеӣ, ннчунин дар фанни мусиқӣ як қатор китобу рисолаҳои пурқимати илмӣ таълиф намудааст. Xусрави Деҳлавӣ баъзе шеъру таълифоти худро ба забонҳои урду ва арабӣ эҷод кардааст ва муҳаққиқони ҳинду ўро асосгузори назми урдузабон мешуморанд. Xусрави Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нахустин шоирест, ки панҷ девони ашъор тартиб дода, ба ҳар кадоми онҳо шеърҳои дар давраҳои гуногун эҷодкардаашро дохил карда, ба онҳо мувофиқи давраҳои ҳаёташ номи махсус гузоштааст. Ҷомӣ, Навоӣ, Мушфиқӣ ва диг. шоирон ин анъанаро давом дода, 3,4 ё 5 девони ашъор тартиб додаанд. Девони якуми Xусрави  Деҳлавӣ— «Туҳфат-ус-сиғар» (1273) ашъори дар синни 16—19-солагӣ навиштаи шоирро дар бар мегирад. Ин девон аз қасоид, тарҷеот, қитаот, ғазалиёт, рубоиёт ва маснавии хурде иборат буда, 3000 байтро ташкил медиҳад. Девони дуюм — «Васат-ул-ҳаёт» (1285) 4401 байт дошта, шеърҳои дар 20—34-солагӣ эҷодшудаи ўро фаро гирифтааст. Девони сеюм—«Ғyppaт-ул-камол» (1297) 8800 байт шеъри аз 34 то 43-солагӣ навиштаи шоирро дар бар мегирад. Аксари қасидаҳои калони фалсафию ирфонии Xусрави Деҳлавӣ дар ин девон ҷой гирифтаанд. Дар девони чаҳорум — «Бақияи нақия» (1318) 8360 байт ашъори дар давраи 43—65-солагӣ сурудаи ў ҷамъ оварда шудааст. Девони панҷум — «Ниҳоят-ул-камол» (1325) дар ҳаҷми 4084 байт мураттаб шуда, ашъори баъди с. 1318 навиштаи шоирро дар бар мегирад. Ҷамъи девонҳои панҷгонаи Xусрави Деҳлавӣ шомили 32645 байт мебошанд. Илова бар ин боз як силсила ғазалиёти шоир (тақр. 5000 байт) бо сабабҳои номаълуме ба девонҳои у дохил нагардидаанд. Қисмати асосии девонҳои Xусрави Деҳлавиро ғазалу қасида ташкил менамояд. У бештар аа 2000 ғазал ва 10100 байт қасида навиштааст. Xусрави Деҳлавӣ дар такомулу тавсиаи ғазал саҳми арзанда гузоштааст. Ғазалҳои Xусрави Деҳлавӣ соддаю равон, хушоҳанг, рангоранг ва латиф буда, як қисмашон ба «Шашмақом» дохил гардидаанд. Дар ғазалиёти ў масъалаҳои ишқу ошиқӣ, бесуботии ҷаҳон, шикоят аз рўзгор, панду ахлоқ, мазаммати баъзе аҳкоми шаръӣ, тасвири табиат, май, ҳасби ҳол ва ғ. ба миён гузошта шудаанд. Хоҷуи Кирмонӣ, Имоди Фақеҳ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Котибӣ, Ҷомӣ, Биноӣ, Восифӣ, Ҳилолӣ ва диг. ба ғазалҳои Xусрави Деҳлавӣ назираю ҷавобияҳо навиштаанд. Xусрави Деҳлавӣ дар қасида ҳам устоди баркамол будааст. Ў аз қасидаҳои Ҳоқонӣ, Саноӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Заҳири Форёбӣ ва Камолуддин Исмоил илҳом гирифта, баландии маҳорат, нуктасанҷӣ, тозахаёлӣ, бакорати фикр ва навпардозиҳояшро дар ин шакли шеър ҷилвагар сохтааст. Хурдтарин қасидаҳои ў аз 33 байт ва калонтарини онҳо аа 250 байт иборат буда, дар мавзўъои гуногун эҷод шудаанд. Аксари қасидаҳои шоир мадҳӣ ва фалсафию ирфонӣ мебошанд. Аммо ў қасидаҳои мадҳияшро на бо хоҳиши дил, балки аз рўи зарурат ва эҳтиёҷоти зиндагӣ гуфтааст. Дар қасидаҳои фалсафию ирфонии Xусрави Деҳлавӣ масъалаҳои ахлоқию тарбиявӣ ва эътиқоду мафкура дар шаклҳои бисёр ҷолиб бо таъбирҳои хуби шоирона инъикос ёфтаанд. Шоир ақлу инсоф ва раиятпарвариро асоси пойдории давлат ва ободии мулк шуморида, ситамгарӣ, беинсофӣ, мардумозорӣ, бахилӣ, хашму ғазабро мазаммат менамояд, подшоҳонро ба адолатпешагӣ ва мардумро ба дўстию рафоқат ҳидоят мокунад. Хоса ду қасидаи ў —«Дарёи аброр» ва «Миръот-ус-сафо» шуҳрати хеле зиёд пайдо карда, дар давраҳои минбаъда боиси ба вуҷуд омадани як силсила қасидаҳои ҷавобия гардидаанд (Ҷомй, Навоӣ, Мирхонд, шоирт турк — Нафъӣ ва диг.). Ҷомӣ ҳатто дар шарҳи як байти «Миръот-ус-сафо» рисолаи мухтасаре таълиф намудааст. Як қатор қасидаҳои Xусрави Деҳлавӣ хусусияти шикваӣ ва тарҷумаиҳолӣ доранд.

Xусрави Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик чун шоири маснависаро шўҳрат ёфтааст. У аввалин шахсест, ки ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ҷавоб навишта, сабабгори дар адабиёти форс-тоҷик ва туркизабон ба вуҷуд омадани як силсила «Хамса»-ҳои ҷавобия ва ба анъана даромадани «Хамса»-нависӣ гаштааст.

«Хамса»-и Xусрви Деҳлавӣ аз 17896 байт иборат буда, дар муддати се сол (1299 —1301) эҷод шудааст ва маснавиҳои зеринро дар бар мегирад: «Матлаъ-ул-анвор» (3310 байт, дар ҷавоби «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ); «Ширин ва Хусрав» (4124 байт, с. таълифаш 1299; дар ҷавоби «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ); «Маҷнун ва Лайлӣ» (2650 байт, с. таълифаш 1299; дар ҷавоби «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ); «Оинаи Искандарӣ» (4450 байт, с. таълифаш 1300, дар ҷавоби «Искандарнома»-и Низомӣ); «Хашт биҳишт» (3352 байт, с. таълифаш 1301, ҷавобияи «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ). Xусрави Деҳлавӣ ба сюжет, мазмуну мундариҷаи маснавиҳои «Хамса»-и Низомӣ тағйирот дароварда, дар ҳалли мавзўъ, тасвири воқеаҳо ва хислати қаҳрамонон равияи дигар — истифода аз сюжетҳои фолклору адабиёти ҳинд, тасвири ҳодисаву воқеоти Ҳиндустон ва ғ-ро пеш гирифтааст (мас., дар «Ҳашт биҳишт»).

Xусрави Деҳлавӣ инчунин дар мавзўъҳои таърихӣ ва маҳаллии Ҳинд устои, иқлиму табиати кишвар ва оину русуми мардуми он достонҳои зеринро офаридааст: «ҚЦирон-ус-саъдайн» (с. таълифаш 1289; 3944 байт); «Мифтоҳ-ул-футуҳ» (с. таълифаш 1291; 750 байт); «Дувалронӣ ва Хизрхон» (с. таълифаш 1315—16; 4519 байт). Асоси сюжети ин достон воқеаи ҳаётӣ—саргузашту ишқи писари султони замон мусулмонзода Хизрхон ва ҳиндудухтари асирафтода Дувалронист, ки ба сабаби нобаробариҳои иҷтимоӣ ва расму оини динӣ ба таври фоҷиавӣ анҷом меёбад. Мақсади Xусрави Деҳлвӣ дар ин достон тарғиби дўстию рафоқат байни ҳиндувон ва мусулмонҳост; «Нўҳ сипеҳр» ё «Султоннома» (с. таълифаш 1318; 4509 байт) дорои 9 боб буда, дар он 8 баҳри арўз ва 19 вазн истифода шудааст. Xусрави Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аввалин шоирест, ки як достонро бо чанд вазн навиштааст. Дар ин достон аз воқеаҳои таърихии ду соли аввали ҳукмронии Қутбуддин Муборакшоҳи Хилҷӣ (ҳукмр. 1316—20), лашкаркашиҳо ва иморатҳои ў, ситоишҳои Деҳлӣ, Ҳиндустон, забони санскрит, обу ҳаво, гулҳою меваҳо, паррандагону ҳайвонот, илму дониш, мусиқию суруд, хубону ҳунармардони он сарзамин, баъзе масъалаҳои ахлоқ, расму одат ва ақоиди ҳиндуҳо сухан рафтааст. Xусрави Деҳлавӣ дар бораи Ҳиндустон ва мардуми он бо меҳру садоқат сухан ронда, миёни мусулмонону ҳиндуҳо тафовуте намегузорад; «Туғлуқнома» (3000 байт) воқеоти давраи салтанати Ғиёсуддин Туғлуқшоҳ (ҳукмр. 1320—25) ва баъзе корнамоию ғалабаҳои ўро дар бар мегирад.

Аз осори насрии Xусрави Деҳлавӣ ғайр аз порчаҳои алоҳида иншою дебочаҳои девонҳояш, «Хазоин-ул-футуҳ» ва «Эъҷози Хусравӣ» ном асарҳои калонҳаҷм маҳфуз мондаанд. «Хазоин-ул-футуҳ» (с. таълифаш 1311), ки баъзан бо унвони «Таърихи Алоӣ» ҳам зикр гардидааст, асари таърихӣ буда, воқеаҳои таърихии 16 соли аввали ҳукмронии султон Алоуддини Халҷӣ ва лашкаркашию ғалабаҳои ўро дар бар мегирад. Андаруни насри он аз эҷодиёти худи Xусрави Деҳлавӣ порчаҳои зиёди шеър ба забонҳои тоҷикию арабӣ оварда шудаанд. Сарлавҳаҳои он дар назм ва бо вазнҳои гуногун омадаанд. Забонаш маснуъ ва то андозае мушкилфаҳм аст. Он барои омўхтани таърихи Ҳиндустон дар ох. а. 13 ва авв. а. 14 аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин баъзе муҳақиқон таълифи «Афзал-ул-фавоид», «Маноқиби Ҳинд» ва «Таърихи Деҳлӣ» ном асарҳои насриро низ ба қалами ў нисбат додаанд

Xусрави Деҳлавӣ инчунин мусиқишиносу оҳангсози маъруф буда, оид ба назарияи мусиқӣ се рисола таълиф намуда, дар асоси омезиши оҳангҳои мусиқии ҳиндӣ бо мусиқии Осиёи Миёна ва Афғонистону Эрон як силсила савту оҳангҳои дилнишин офаридааст. Ихтирои оҳангҳои мусиқии «Муҷир», «Созгорӣ», «Ушшоқ», «Мувофиқ,», «Ғoзон», «Фарғона», «Зилоф», «Саропарда», «Бохарз», «Тарона», «Хаёл», «Нигор», «Басит», «Шоҳона»,инчунин асбобҳои мусиқӣ: дилрубо, сарангӣ ва сато (сетор) ба ў нисбат дода мешаванд.

Осори адабии пурарзиш ва гуногуншаклу мухталифмазмуни Xусрави Деҳлавӣ| боиси барқарор гардидани пояи адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва боз ҳам бештар инкишоф ёфтани он гардидааст. У дар инкишофи адабиёти халқҳои нимҷазираи Ҳинд ҳиссаи калон гузошта, аз ҷиҳати мавзуъ ва шаклу услуб ба адабиёти форсизабони он диёр тозагиҳои зиёде ворид кардааст. Навовариҳои ў дар қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд ва алалхусус, рубоӣ равшан ба назар мерасад. Xусрави Деҳлавӣ нахустин шоирест, ки дар шакли рубоӣ «Шаҳрошўб» навиштааст. Навпардозии дигари ў дар рубоии мустазоду муаммодор, инчунин мустаҳкам намудани робитаи мантиқии байтҳои рубоӣ зоҳиргашааст. Xусрави Деҳлавӣ мувофиқи нишондоди адабиётшиноси Ҳиндустон Шиблии  Нуъмонӣ, илова ба ташбеҳҳои тозаи офаридааш, ихтироъкунандаи ҳафт санъати нави бадеӣ мебошад. Мақоми эҷодиёти ў дар алоқаманд намудани адабиёти форс-тоҷик бо адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва устувор гардидани равобити адабию фарҳангии мардуми Мовароуннаҳру Хуросон бо халкҳои сарзамнни Ҳинд низ бузург мебошад. Эҷодиёти Xусрави Деҳлавӣ, аз як тараф, комёбиҳои адабиёти форс-тоҷики асрҳои пешинро дар худ таҷассум намуда, боиси дар адабиёти форсизабони Ҳиндустон нуфуз пайдо кардани анъанаҳои адабии Мовароуннаҳру Хуросон гардида бошад, аз тарафи дигар, ба давраҳои баъдинаи инкишофи адабиёти форс-тоҷик таъсири амиқ, расонидааст. Нуфузи Xусрави Деҳлавӣ дар инкишофи адабиёти форс-тоҷик то андозае калон аст, ки бидуни омўзиши эҷодиёти ў баъзе падидаҳои адабии таърихи ин адабиётро дарк намудан имконнопазир мебошад. Дар осори Xусрави Деҳлавӣ нахустин унсурҳои сабки ҳиндӣ ба назар мерасад.

Омўзиш ва дастраси хонандагон гардонидани осори ў танҳо баъди ғалабаи Революсияи Кабири Социалистии Октябрь оғоз ёфтааст. Дар Иттифоқи Совети матни илмию интиқодӣ ва илмию оммавии як қатор асарҳои Xусрави Деҳлавӣ ба табъ расонида шуда, доир ба эҷодиёти ў тадқиқот ба анҷом расид. Дар ин бобат олими тоҷик М. Бақоев саҳми муносиб гузоштааст. С. 1975 бо қарори ЮНЕСКО 700-солагии зодрўзи Xусрави Деҳлавӣ дар ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат осори мунтахаби шоир дар чаҳор ҷилд ба алифбои имрўзаи тоҷикӣ нашр гардид, ки нахустин чопи муфассали эҷодиёти ў дар Иттифоқи Советӣ мебошад. Илова бар ин, нависандаи тоҷик Ғ. Абдулло дар заминаи достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и ў бо номи “Фарёди ишқ” пьесае навишт, ки онро Театри давлатии академии драмаи РСС Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст,

Ос.; Осори мунтахаб, ҷ-ҳои 1—4, Д., 1971-1975.

Ад.: Бақоев М., Ҳаёт ва эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ, Д., 1975.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …