Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУСРАВИ II ПАРВИЗ

ХУСРАВИ II ПАРВИЗ

ХУСРАВИ II ПАРВИЗ (с. тав. номаълум — ваф. 628), подшоҳи Эрон (ҳукмр. 590—628) аз сулолаи Сосониён, писари Ҳурмузди IV. Дар аввали салтанати Xусрави II шўриши Баҳроми Чубина ба вуҷуд омад ва шуришгарон пойтахти Сосониён ш. Тайсафунро ишғол карданд. Xусрави II ба Рум (Византия) гурехт. С. 591 бо мадади ҳарбии Византия Xусрави II Баҳроми Чубинаро шикаст дода, боз ба тахту тоҷ соҳиб шуд. Xусрави  II бар ивази ёрии ҳарбӣ бо Византия «сулҳи абадӣ» баст, ки мувофиқи он як қисми Картли, Арманистон ва Байнаннаҳрайн ба Византия гузашт. Дар натиҷаи суиқасди дарбориён с. 628 кушта шуд.

Қ.Бобоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …