Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУСРАВИ I АНУШЕРВОН

ХУСРАВИ I АНУШЕРВОН

ХУСРАВИ I АНУШЕРВОН (с. тав. номаълум — ваф. 579), подшоҳи Эрон аз сулолаи Сосониён (ҳукмр. 531— 579), писари Қубоди I. Баъди пахш карда шудани ҳаракати Маздакия ба тахти шоҳӣ омадааст. Барои мамлакатро аз вазъияти душвори иқтисодию иҷтимоӣ баровардан ва пешгирӣ кардани ҳаракатҳои халқӣ як қатор ислоҳоти саркардаи падарашро ба охир расонд. Хироҷ ва андози сарикасӣ ҷорӣ намуд (одамони синнашон аз 20 то 50-сола мувофиқи молу мулкашон аз 4 то 12 дирҳам андоз медоданд). Xусрави 1 дастгоҳи давлатиро ба тартиб дароварда, ҳудуди ҳокимону амалдорони вилоятҳоро маҳдуд, армияи мунтазам ташкил кард ва ғ. Мувофиқи ислоҳоти Xусрави I ашрофон, руҳониён, амалдорон, котибони давлатӣ ва қушун аз андози сарикасӣ озод буданд.

Xусрави I ба сиёсати беруна диққати махсус медод. Бо мақсади ба роҳҳои тиҷоратӣ соҳиб шудан ва ба б-ҳои Сиёҳ ва Миёназамин баромадан бо Рум (Византия) ҷангҳои зиёде кард (540—570).

Ад.: История Ирана, М., 1977.

Қ. Бобоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …