Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУСРАВ ВА РИДАК»

«ХУСРАВ ВА РИДАК»

«ХУСРАВ ВА РИДАК», яке аз асарҳои адабиёти паҳлавист, ки дар а. 6 таълиф шудааст. Номи муаллифаш маълум нест. Дар ин асар оид ба густариши таълиму тарбияи ҷавонон дар давлати Сосониён, аз ҷумла дар замони Хусрави Қубодон сухан меравад. Ҷавоне, ки ҳамаи илму ҳунарҳои маъмули он давр — дин, мусиқӣ, хаттотӣ, баён, аспсаворӣ, тирандозӣ, ҷавгонбозӣ, гуштингирӣ, шатранҷ ва нардро омўхтааст, аз  хоҷаи худ — Хусрав хоҳиш менамояд, ки уро имтиҳон кунад. Асар аз пурсишу посухҳои Хусрав ва ҷавони таълимдида оид ба ҳунарҳои мазкур фароҳам омадааст. «Xусрав ва радик» аҳамияти калони панду насиҳатӣ дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …