Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУШҲОЛХОНИ ХАТТАК

ХУШҲОЛХОНИ ХАТТАК

ХУШҲОЛХОНИ ХАТТАК  Хушҳолхон (18. 6. 1613, Акора—1689 ё 1691), нависандаи афғон, пешвои қабилаи хаттак. Аз с. 1641 ҳукмрони хонии Хаттаки Акора (ки он тобеи давлати Темуриёни Ҳинд буд). С-ҳои 1672—75 ҳамроҳи пешвоёни қабилаи африда ба муқобили Темуриёни Ҳинд шӯриш бардошт; пас аз шикасти шӯриш ҳам ӯ муборизаро ба муқобили онон идо­ма дод.

Xушҳолхони Xаттак зиёда аз 300 асари гуногунжанр дар мавзӯъҳои мухталиф навиштааст. Вале осори ӯ ҳанӯз мавриди тадқиқ қарор нагирифтааст.

Осори манзуми ӯ, аз ҷумла маснавиҳои «Фазлнома» ва «Бознома» дар «Куллиёт»-аш ҷамъоварӣ шуда, 40 ҳаз. байтро дар бар мегирад. Xушҳолхони Xаттак навъҳои шеър ва қоидаҳои арўзи форс-тоҷикро аз бар карда, аз онҳо эҷодкорона истифода намудааст. Ў чун шоири ғазалсаро, муаллифи ашъори лирикии ишқӣ, манзаравӣ ва фалсафӣ машҳур гаштааст. Аз асарҳои мансури Xушҳолхони Xаттак, ки асосан тарҷума аз форсӣ ва арабианд, «Дасторнома» (1665) —рисола дар бораи иҷрои одобу русуми мусулмонӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин рисола Xушҳолхони Xаттак ба масъаладои одобу ахлоқи иҷтимоӣ, робитаи эҷоди бадеӣ ва зиндагӣ, дигар масъалаҳои иҷтимоӣ дахл кардааст.

Ад.: Герасимова А., Гирс Г., Литература Афганистана. Краткий очерк. М., 1963; Массон В. М.. Ромодин В. А., История Афганистана, т. 2. М.. 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …