Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХЎШАИҲО

ХЎШАИҲО

ХЎШАИҲО, хўшадорҳо (iгаnian ё Роасеае), як оилаи растаниҳои якпалларо гўянд. Xўшаиҳо гиёҳҳои яксола, дусола ё бисёрсола ва баъзе растаниҳои буттаву дарахтмонандро дар бар мегиранд. Пояашон аз 1 см то даҳҳо м қад мекашанд; пояи баъзе Xўшаиҳо чуб мегардад (мас., хайзурон баландиаш то 40 м ва диаметраш 30 см). Xўшаиҳо аз рўи ташаккули поя се навъ мешаванд.

xushaihoХўшаиҳои решапояашон дароз —дуртар аз пояи асосӣ аз бандҳои решапояҳои дароз, ки на он қадар чуқуртар аз сатҳи замин ҷойгиранд, пояҳои нав мерўянд. Ин навъи Xўшаиҳо (мас., ҷорўбӣ, най, думи рубоҳак, ҷорўбак, аҷириқ, гандумаҷириқ ва ғ.) дар хокҳои нарм мерўянд. Хўшаиҳои чимдор (серпоя) — аз паҳлўи пояи асосӣ аз банди пояҳое, ки дар зери хок б ба сатҳи замин наздик ҷойгиранд, пояҳои нав месабзанд. Дар онҳо муттасил бандҳои нав ташакул меёбанд ва шоха меронанд. Дар натиҷа «бутта» ё «чим» ҳосил мекунанд. Ба ин навъи Xўшаиҳо ковил, чимак ва ғ. мансубанд. Хўшаиҳои тунукпоя (кампоя) — аз бандҳои шохаронанда, ки дар қабати болоӣ (то 5 см)-и хок ҷойгиранд, пояҳои нав қад мекашанд ва буттамонанд мешаванд. Ба ин навъи Xўшаиҳо сулигиёҳ, арзанак, хардума ва ғ. мансубанд.

Xўшаиҳо яке аз оилаҳои калонтарини пушидатухмхо мебошанд. Онҳо қариб 700 ҷинс (то 10 ҳаз. намуд)-и растаниҳоро дар бар мегиранд Дар СССР тақ. 150 ҷинс ва 1000 намуд, дар Тоҷикистон 90 ҷинс ва беш аз 300 намуди Xўшаиҳо (дар марғзор, дашт, биёбон, минтақаҳои алпӣ ва ғ.) мерўянд

Xўшаиҳо, ки муҳимтарин зироати ғалладона (гандум, шолӣ, ҷуворимакка, сулӣ, ҷавдор, ҷав, арзан, ҷуворӣ ва ғ.) ва найшакар ба онҳо мансубанд, дар ҳаёти инсон аҳамияти бузург доранд. Хўшаиҳои худрўй ва кишта растаниҳои хўроки чорво мебошанд. Онҳо ҳамчун растаниҳои техникӣ дар истеҳсоли қанд, оҳар, спирт, қоғаз, равғанҳои хўрокию хушбўй, масолеҳи бинокорӣ (ғулбаҳои обгузар, тахта), мебел, зарф ва ғ. аҳамияти калон доранд. Хўшаиҳоро дар саноатҳои бофандагӣ ва химия, истеҳсоли равғани эфир, инчунин ба сифати растаниҳои ороишию доруӣ истифода мебаранд. Бисёр Xўшаиҳо (девгандум, аҷириқ, ҷорубак, хаскаҳак ва ғ.)-ро барои мустаҳкам намудани хокҳои нарм ва регҳои, инчунин барои ба сабзамайдон табдил додани аэродромҳо ба кор мебаранд. Баъзе Xўшаиҳо (сулигиёҳ, аҷириқ, ғумой ва ғ.) алафҳои бегонаи киштзоранд.

Ад.: Серебрякова Т. И., Морфогенез побегов и эволюция жизненных форм злаков, М., 1971. С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …