Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХӮШАГУЛ

ХӮШАГУЛ

xushagul

ХӮШАГУЛ, хӯшаи гул, гултуда, туда гул (inflorescentia), як қисми навдаи мавсимӣ (солона)-и  растаниро гӯянд, ки дорои гул аст. Xўшагул аз шоха (гулпоя) -ҳо ва гулҳо таркиб ёфтааст. Барги шохаи Хўшагулҳо майда, одатан камранг буда, суст ташаккул ёфтааст; баъзе Хўшагулҳо умуман барг надоранд. Таснифоти Xўшагул ша ртист. Xўшагулҳo одатан аз рўи тартиби шоха (гулпоя) -ҳо, ҷойгирии гулҳо, тарзи гулшукуфт ва ғ. содда ва мураккаб мешаванд. Асосан чунин навъҳои Xўшагул маъмуланд: хӯша (гули ливондар, муғулчой, турбкоҳак ва ғ.), сипаракгул (баргу зулф), чатрак, чатраки мураккаб (аксари чатргулҳо), сарак (реша, барги зулф ва ғ.), сутагул (Хўшагул-А рроидҳо), қуббатулак (себарга), сабадак (мураккабгулҳо)  тўғ ё ҷорубак (испарак, биш, ва ғ), сипаракмонанд (гўлноз, бўймодарон), сараки мураккаб (гандумак, ҷав ва ғ.), нимчатрак ё дихазий (мехакиҳо) ва диг.Гулҳои Хўшагул ба таври акропеталӣ (аз поён ба боло) ва базипеталӣ (аз боло ба поён) мешукуфанд. Тадқиқи сохти Хушагул дар таснифоти ботаникӣ  ва омўзиши таҳаввулоти гурўҳҳои ба наздики расатниҳо хеле муҳим аст. М.Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …