Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУРРАМИЯ

ХУРРАМИЯ

ХУРРАМИЯ, ҷараёни динию фалсафии асрҳои миёнаро гӯянд, ки ғояҳои Маздакия ва шиаҳои ифротиро асоси таълимоти худ қарор додааст. Ин ҷараёнро маъмулан ба но­ми зани Маздак— Хуррама нисбат медиҳанд. Пайравони Xуррамия ду гурӯҳанд. Гурӯҳи якумро Хуррамияи қадим ё муҳаммирия меноманд, ки дар ноҳияҳои Озарбойҷону Арманистон ва Ҳамадону Исфаҳон интишор ёфта буд. Онҳоро аслан оташпараст ва пайравони Маздак медонанд, ки баъдан ба дини ислом гароидаанд. Гурӯҳи дуюм Хуррамияи бобакия аст, ки Бобакро сарвари худ ҳисобида, ба муқобили хилофати араб ва тартиботи феодалӣ мубориза мебурд. Муҳаққиқи эронӣ Аббоси Иқбол ҷараёнҳои бобакияю муҳаммирияро, ки дар аҳди Маъмун хуруҷ карда буданд, бо Xуррамия як медонад.

Пайравони Xуррамия имоматро эътироф намуда, боварӣ доштанд, ки имоми онҳо низ ба сифати Маҳдӣ бармегардад ва дар рўи замин адлу инсофро барқарор мекунад. Пайравони Абўмуслимро ҳам Xуррамия меноманд. Дар баъзе сарчашмаҳо онҳо бо номи хуррамдинон ёд шудаанд. Xуррамия таносухро қоил буда, таносуби ҷисму ҷонро ба таври идеалистӣ шарҳ медиҳад. Бино ба таълимоти Xуррамия расидани ваҳйи илоҳӣ якбора ба ду-се кас имконпазир аст. Xуррамия ҷисмро тағйирпазиру фонӣ ва рӯҳро тағйирнопазиру абадӣ мешуморад. Масъалаи ҷазою сазоро ба рӯҳ мансуб медонад. Xуррамия дар заминаи таълимоти имомат фарзу маросимҳои дини исломро рад менамояд.

Пайравони Xуррамия нӯшидани май ва айшу ишратро (ба шарте ки ба касе зарар наорад) раво медонистанд. Xуррамия баъди шикасти исёни Бобак ба тарзи пароканда дар Озарбойҷон ва баъзе дигар шаҳрҳои Эрон, аз қаби­ли Рай, Исфаҳон ва ғайра то нимаи аввали асри 10 амал намудааст. Баъзан кайсониён, аббосиён ва ҳорисиёнро низ Xуррамия меноманд.

Ад.: Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат а раннем средневе­ковье, М., 1965; Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV ве­ках, М.. 1966.               М. Султонов, И. Назаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …