Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ХУРОСОН

ХУРОСОН

xuroson

ХУРОСОН, музофоти маъмуриест дар қисми шимол шарқи Эрони ҳозира. Масоҳат 313,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 3,1 млн нафар (1975); асосан форсҳо, тоҷикон, афғонҳо, курдҳо ва туркманҳо. Маркази маъмуриаш шаҳри Машҳад. Шаҳрҳои калантаринаш: Сабзавор, Нишопур, Кучан, Турбати Ҳай­дария, Бирҷанд, Боҷнурд. Дар шимол Xуросон қаторкӯҳҳои Хуросон, дар байни онҳо водии Кучану Машҳад, дар қисми шарқиаш кўҳҳои Эрони Шарқӣ, дар ҷануб ва ҷануб ғарбиаш Дашти Кавир ва Дашти Лут воқеъ гаштаанд. Иқлимаш гарм. Машғулияти асосии аҳолиаш деҳқонист. Дар Xуросон бештар гандум, ҷав, пахта, тамоку, лаблабуи қанд, зағир мекоранд. Боғу ток­дорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Чорводории кӯчӣ (хусусан гӯсфандпарварӣ) дар иқтисодиёти Xуросон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, пахтатозакунӣ, бофандагӣ ва чармгарӣ дорад. Қо­линбофӣ ривоҷ ёфтааст. Xуросон пашм, пӯст, пӯсти қарокӯлӣ, қолин ва мавиз экспорт мекунад. Роҳи оҳани Машҳад – Теҳрон аз Xуросон мегузарад.

Xуросон дар замони қадим ва асрҳои миёна вилояти калони таърихие буда, қисми шимол шарқии Эрон, шимол ғарбии Афғонистон ва қисми марказию ҷануби РСС Туркманистони ҳозираро дар бар мегирифт. Марв, Нишону, Балх, Ҳирот, Тӯс, Машҳад, Сарахс, Сабзавор, Абевард, Нисо муҳимтарин шаҳрҳои Xуросон ба шумор мерафтанд. Номи Xуросон (Хварасон) аа давраи Сосониён (асрҳои 3—7) маълум аст. Хуросонро дар миёнаи асри  7 арабҳо забт карданд ва волигии Хуросони Хилофати араб ташкил ёфт. Xуросон дар асри 9 ба ҳайати давлатҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дохил шуд. Дар аҳди Сомониён (874—999) Xуросон чун  Мовароуннаҳр яке аз ноҳияҳои мутараққӣ ба шумор рафта, дар он хоҷагии қишлоқ, конкобӣ ва ҳунармандӣ ба пояи баланди ривоҷу рав­нақ расидаанд. Дар вилоятҳои Нисо ва Абевард ғаллакорӣ ва боғдорӣ, дар воҳаи Марв пахтакорӣ, дар вилояти Ҳирот бошад, токдорӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Кӯҳҳои Xуросон аз сарватҳои табиӣ хеле бой буданд. Дар вилояти Нишопур фирӯза, дар атрофи Нишопур оҳан, мис ва нуқра, дар Марв мис, дар Балх — маргимуш истихроҷ мекарданд. Тараққиёти хоҷагин қишлоқ ва конкобӣ боиси равнақи ҳунармандӣ (хусусан бофандагӣ) гардид. Матоъҳои «пойбоф», «мулҳам» занбофт шӯҳрати калон доштанд. Инчунин равғанкашӣ, ордкашӣ, шишасозӣ , заргарӣ, оҳангарӣ тараққӣ карданд.

Дар давраи ҳукмронии Сомониён савдои дохилӣ ва хориҷӣ авҷ гирифт. Ба Хитой, Ҳиндустон, Кавказ, мамлакатҳоии Осиёи Пеш, Ҷануби Шарқии Европа аз Балх пӯст, собун, кунҷит, биринҷ, чормағз, бодом, мавиз, мис, аз Марв парча, борпўши пахтагин ва абрешимин, аз Нишопур матоъҳои гуногун, либоси пахтагин, сӯзан, корд, оҳан, аз Нисо ва Абе­вард либоси пахтагин ва абрешимин, абрешим, равғани кунҷит ва ғайра мебурданд. Xуросон ба яке аз марказҳои илму маданият табдил ёфт, аҳолии он дар ташаккули халқиятҳои форс, то­ҷик ва афғон роли калон бозид. Xуросон зодгоҳи Абулқосим Фирдавсӣ ва як зумра олимон, шоирону нависандагони маъруфу машҳури тоҷику форс аст. Баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён аз ибтидои асри 11 Xуросон зердасти Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён шуд. Солҳои 1220 ва 1223 Хуросонро лашкари Чингизхон ишғол кард ва шаҳрҳояшро ба харобазор табдил дода, қисми зиёди аҳолиашро ба ҳалокат расонд. Xуросон мавқеи пештараашро гум кард. Дар асри 14 ноҳияҳои ғарбии Xуросон маркази шӯриши Сарбадорон гардиданд. Асрҳои 14—15  Хуросонро Темур ба тасарруфи худ даровард. Дар замони Темуриён маданияти Xуросон боз рӯ ба тараққӣ ниҳод. Шаҳри Ҳирот ба марказӣ калони тамаддуни Шарқ табдил ёфт. Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Камолуддин Беҳзод, Султоналии Машҳадӣ ва дигарон дар Xуросон зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Xуросон солҳои 1510—1736 тобеи Сафавиён гардид. Баъдтар як қисми Xуросон (вилоятҳои Ҳирот ва Балх) ба Афғонистон, қисми дигараш (вилояти Машҳад) ба Эрон ва қисми сеюмаш (вилояти Марву қисми шимолии кӯҳҳои Копегдоғ) ба Туркманистон дохил шуд.

Ад.:       Ғафуров Б. F., Тоҷикон, Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, ҷ. 1, Д., 1983; Бартольд В. В., Историко — географический об­зор Ирана, Соч.. т. 7, М., 1971; Heгматов Н. Н., Государство Саманидов, Д., 1977.    Н. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …