Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХУРОФОТ

ХУРОФОТ

ХУРОФОТ (ар.— ақида, фикри мавҳуми беасос), боқимондаҳои урфу одати гузаштаро гўянд, ки дар сохти нави ҷамъиятӣ низ амал мекунанд. Онҳо дар муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, миллӣ ва ғайра зоҳир мешаванд. Бино ба таълимоти классикони марксизм- ленинизм ҷамъияти нав тамоми боқимондаҳои замони гузаштаро якбора бартараф карда наметавонад. Масалан, дар дохили капитализм дар шаклҳои гуногун укладҳои пешинаи иқтисодӣ, ақида, анъана ва тарзи ҳаёти гузаштаи феодалӣ вуҷуд до­рад. Дар ҷамъияти сотсиалистӣ низ «доғҳои модарзод»-и капитализм дар ҳамаи соҳаҳо якбора аз бани намеравад. Ин масъала хусусан дар соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ, психологияи аҳолӣ, расму урфу одат ва ғайра бештар мушоҳида мешавад.

Дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти со­тсиалистӣ, баланд бардоштани дараҷаи маълумоти аҳолӣ, пурзӯр намудани кори тарбиявӣ, инкишофи ҷаҳонбинии коммунистӣ Xурофот аз байн меравад.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …