Маълумоти охирин

ХУРМО

ХУРМО, нахл, дарахти хурм о (Dioapyros), як навъ дарахти хазонрез ва меваи онро гўянд, ки дар ноҳияҳои субтропикӣ ва тропи­кӣ мерӯяд. Мувофиқи таснифоти ботаникӣ ҷинси дарахтест аз оилаи обнўсиҳо. Асосан дар Осиёи Ҷанубӣ (тақр, 200 намуд) маъмул аст. Дар СССР 3 намуди Xурмо мерӯяд.

xurmo

Хурмои кавказӣ (D. lotus). Балан­дии дарахташ то 16 м, баргаш дарозрӯя, гулаш майда, мевааш мудаввар (диаметраш то 2 см), норинҷии зардтоб, хурданбоб. Хурмои хушк беш аз 40% қанд дорад. Аз ҳар бехаш то 80 кг ҳосил мегиранд. Ба хунукӣ  то —25С тоб меоварад. Ниҳоли хасакаш барои пайванд кардан и Xурмои шарқӣ хеле мувофиқ аст. Дар СССР (Кавказ, Осиёи Миёна) Хурмои худрӯйи кавказиро мепарваранд. Тоҷикон Хурмои худрӯйро чилванг мегӯянд. Xурмои виргинӣ (D. virginiana). Дар СССР дар минтақаҳои сернам ва хушки субтропикӣ мерўяд. Дарахташ хазонрез (то 20—25 м қад мекашад). Мевааш лӯнда (вазнаш то 25 г); зард, хеле хуштаъм (40% қанд дорад). Тару тоза (баъди пухтан) мехӯранд. Аз ҳар бехаш то 300 кг ҳосил меғундоранд.

Хурмои шарқӣ (D. kaki) то 8—12 м  қад мекашад. Мевааш калони cергӯшт, гуногуншакл, зарди норинҷӣ ё сурх. Дар СССР Хурмои шарқиро асосан дар Гурҷистон, инчунин Озарбойҷон, соҳили б. Сиёҳ (кишвари Краснодар), ноҳияҳои ҷануби Қрим, РСС Ўзбекистон, РСС Тоҷикистон ва РСС Туркманистон мепарваранд. Аз ҳар га 180—360 с  ҳосил мегиранд. Дарахти калонаш то  100 кг мева медиҳад. Меваи тару  тозааш баъди пурра пухтан 25% қанд, 40 мг% витамини С, оҳан, йод ва ғайра  дорад. Меваашро барон муолиҷаи бемориҳои меъда, камхунӣ ва ғайра истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон 2 навъи Хурмои шарқӣ («Хиакумӣ» ва «Зенҷи-мару») ба шароити маҳал  мутобиқ шудааст. Дар Институти току  боғдорӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон якчанд навъу дурагаҳои Хурморо  рӯёнидаанд, ки ба хунукии кӯтоҳмуддати пасттар аз —25* С тоб меоваранд. Махсусан навъҳои «Шарқ», «Гулистон», «Ҳисорӣ» дар нохияҳои марказӣ ва ҷанубии республикаамон  хуб мерӯянд.                                                                                    Б. Массовер.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …