Маълумоти охирин

ХУРМА

ХУРМА, хумра, як навъ зарфи сафолиро гӯянд. Xурма аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон маъмул буд. Xурма зарфи фарохдаҳон, тагаш борику ҳамвор ва андозаҳояш гуногун буда, аз ду тарафаш даста дорад. Хурмаҳои ҳаҷман хурд низ мавҷуданд, ки он­ро хурмача меноманд. Хурмаро бештар сир давонда, баъзан бо нақшу нигор оро медоданд. Онро асосан барои ширу ҷурғот истифода мебурданд. Xурма ҳоло дар баъзе хонаводаҳои деҳот боқӣ мондааст.

xurma

Ад.: Пещерева Е. М., Гончарное производство Средней Азии. «Тр. ин-та этнографии АН СССР, т. 42, М.—Л., 1959,      П. Самойлин.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …