Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли ХУРДАК

Кӯли ХУРДАК

ХУРДАК, кўлест дар раёни Панҷакенти вил. Ленинобод. Дар ҷараёни болои д. Шилг, (шохоби рости д. Моғиён, ҳавзаи д. Зарафшон), 1,5 км поёнтар аз кӯли Марғзор воқеъ гаштааст. Баландии кӯл аз с. б. 2080 м. Масоҳ. сатҳи кӯл 0,06 км3, тӯли он 197 м, бараш ба ҳисоби миёна 102 м, чуқуриаш то 9,6 м, ҳаҷми об 0,34 млн м\ Манбаи асосиаш д. Шинг аст, ки аз кӯли Марғзор ҷорӣ шуда, ба кўли Хурдак мерезад.

hurdak

Кӯл дар натиҷаи канда шуда фуромадани кўҳпора ва банд шудани маҷрои д. Шинг ба вуҷуд омадааст. Оби Хурдак аз тарқишҳои банд роҳ ёфта, ба кўли Нофин мерезад. Зимистон кӯл аз об қариб холӣ мешавад. Амплитудаи солонаи сатҳи оби кӯл 7—8 м. Фақат пулакчамоҳӣ дорад. Атрофи Xурдак хушманзара буда, диққати сайёдонро ҷалб кардааст. То Xурдак роҳи автомобилгард мавҷуд аст. Ю. С. У сков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …