Маълумоти охирин

«ХУРД-АВЕСТО»

 «ХУРД-АВЕСТО», маҷмўаи порчаҳои баргузида аз Авесто, матнҳои дуо ва ниёишҳо, ки пайравони зардуштия онҳоро дар адои намоз, иҷрои қонуну қоидаҳои динӣ, ҳангоми тўю сугворӣ ва ғ. мехонданд. Мураттибу муалифи он Озарбади Маҳраспандон мебошад. Дастнависҳои зиёде аз «Хурд-Авесто» баробари дастнависҳои Авесто то замони мо расидаанд. Аксари қисмҳои ин асар бо қисматҳои дигари Авесто якҷоя омадааст, барои ҳамин онро чун ҷузъи панҷуми Авесто донистаанд. Номгуй ва шарҳу тафсири қисмҳои «Хурд-Авесто» бад ин қаpop аст: 1) Сарсухан; 2) Дуоҳои муқаддаси зардуштия — Ашем воҳу… ва Йата аҳуна ваирйа. Ин дуоҳоро зардуштиён дар ҳолату ҳангом, пеш аа оғози корашон мехонданд. Авесто бо ҳамин дуоҳо шуруъ мешавад; 3) «Ниранг (қоидаи кустӣ  бастан» — порчаест, ки дар он қонуну қоидаҳои бастани миёнбанди муқаддаси зардуштия — кустӣ шарҳ ёфтааст. Ии миёнбандро писарони зардуштиён ҳангоми ба синни балоғат (15-солагӣ) расидан мебастанд; 4) «Суруш ва ё Ниранг (қоида)-и дастшўӣ»; 5) «Хушбом» — як порча матн дар васфи бомдод; 6) «Ниёишҳо» — «Хуршед-ниёиш», «Меҳр-ниёиш», «Моҳ-ниёиш», «Ардвисура-ниёиш», «Оташи Баҳром-ниёиш». Дар ниёишҳо порчаҳо аз «Хуршед-яшт», «Меҳр-яшт», «Моҳ-яшт», «Обон-яшт», «Баҳром-яшт» оварда шудаанд; 7) «Гоҳон» — панд суруд дар тавсифи гоҳ (вақт)-и шабонарўз. Дар ҷамоаи зардуштиёни Эрони Қадим шабонарўзро ба панҷ  ҳангом пахш мекарданд. 1.Ховангоҳ-аз сар задани хуршед то  нимрўз; 2.Рапитвингоҳ-аз нимрўз то аср; 3.Озайарнигоҳ-аз аср то нишастани хуршед; 4.Анвирсутрагоҳ-аз шом то нимишаб; 5. Ушҳингоҳ — аз ними шаб то бархостани хуршед. Номи ҳар ян ҳангоми шабонарӯз инчунин эзид (фа ришта) -и нигаҳбони ҳамон ҳангом буд ва дар сурудҳои «Гоҳон» ӯ си­тои шшудааст (мас., Ҳовон — фа иштаи эзиди бомдод). 8) «Яштҳо». Дар вусхаҳои «Хурд-Авесто» «Яштҳо» низ ҷо дода шудаанд. Миқдори «Яштҳо» дар нусхаҳо гуногун аст, вале дар ҳамаи нусхаҳои он ду «Яшт»—«Ҳурмузд-яшт» ва «Сурӯш-яшт” мавҷуданд. Карл Галднер — мураттиби матни интиқодии Авесто тамоми 21 «Яшт»-ро ба «Хурд-Авесто» дох ил карда аст. 9) «Сирӯза» — қитъаҳо дар ситоиши сӣ рӯзи моҳ.  Дар солшумории зардуштӣ дар як рӯзи моҳ ва инчунин дувоздаҳ моҳи сол ба номи Амшоспандон (ёрони қудсиву ёвари Аҳурамаздо) ва эзидони зардуштия ба монанди Аҳурамаздо, Баҳром, Сурӯш, Рашн, Меҳр ва ғ. мавсум буданд. Мас., ба муносибати фарорасидани рӯзи Меҳр қитъаи ба Меҳр бахшидашударо мехонданд. Тамоми «Сирӯза» дар рӯзи сиюми вафоти ягон пайрави зардуштия хонда мешуд. 10) «Офарингон» — чаҳор порчаи ситоишу ниёиш, ки барои иҷрои маросимҳои динӣ ва ҷашнҳои зардуштиён истифода мешуданд: «Офарингони даҳмон» — дар оғози соли нав, рӯзҳои чаҳорум, даҳум ва сиюми ҳар моҳ, инчунин ҳангоми даргузаштани касе хонда мешуд; «Офарингони Готҳо»-ро дар панҷ рӯзи охири сол, ки онро «Андаргоҳ», «Баҳизак» ё «Панҷаи дуздида» мегуфтанд, мехонданд. Азбаски ин панҷ рӯз мавсум ба номи «Готҳо» буд, «Офарингони Готҳо» ном гирифтааст; «Офарингони Гоҳанбор» — дар ҳангоми шаш ҷашни динӣ хонда мешуд. Ба ақидаи зардуштиён Аҳурамаздо оламро дар шаш навбат дар муддати як сол офаридааст. Замонҳои офаринишро Гоҳанбор мегуфтднд. Дар қадим рӯзи фарорасидани ҳар як Гоҳанборро ҷашн мегирифтанд. Ҷашни якум рӯзи чиҳилу панҷумин, дуюм — саду панҷоҳмин, сеюм — саду ҳаштодумин, чаҳорум — дусаду даҳумин, панҷум — дусаду навадумин ва шашум — сесаду шасту панҷумин рӯзи сол фа­ро мерасиданд. Аҳурамаздо гўё дар нахустин Гоҳанбор осмон ва сипас об, замин, гиёҳ, ҷонварон ва одамонро офарида будааст; «Офарингони Рапитвингоҳ» ситоишест дар васфи эзиди нигаҳбони фасли тобистон — Рапитвин (вазифаи дигари ин эзид чунон ки дар «Гоҳовн» зикр шуд, нигаҳбонии нимрўз— яке аз вақтҳои шабонарӯз мебошад).

Чунон ки дида мешавад, қисми зиёди «Xурд  Авесто» аз дуоҳо, ситоишҳо ва ниёишҳои дилгиркунанда ва аз ҷиҳати мазмуни ғоявӣ ва мундариҷаи паст иборат аст. Вале баробари ин «Хурд-Авесто» аз ҷиҳати дар бар гирифтани баъзе ривоятҳои эпикӣ ва асотирӣ, маълумоти этнографӣ, астрономӣ, таърихӣ, инъикоси тарзи зиндагии ниёгони халқи тоҷик, ному тарзи гузаронидани ҷашнҳо, тарбияи ҷавонони ҷамоаи зардуштиён ва ғ. аҳамият дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …