Главная / Гуногун / ХУРАЙМӢ Абўяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кўҳӣ

ХУРАЙМӢ Абўяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кўҳӣ

ХУРАЙМӢ Абўяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кўҳӣ(с. тав. номаълум — ваф. байни солҳои 815— 816), шоири суғдинажоди араб. Дар ох. а. 8 ва ибт. а. 9 зиндагӣ кардааст. Дар шеърҳояш аслу насаби худро аз Суғду Аҷам нишон дода, Марви Шоҳиҷон, Ҷузҷон ва номҳои дигар шаҳрҳои Эрон ва Хуросону Мовароуннаҳрро зикр намудааст. Аз айёми кудакӣ Xураймӣ дар байни арабҳои қабилаи Ғатафон тарбия ёфта, мавло (тобеъ)-и хонадони Хураймии Ноими Муррӣ ном араб буд ва номи Xураймӣ аз ин ҷо ба ў дода шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо шоир дар  Ҷазира ном мавзеъ дар шим. Ироқ, баъд дар Сурия ва Бағдод умр ба cap бурдааст. Байни солҳои 782— 785 Xураймӣ ҳамроҳи пуштибони худ Усмон ибни Умар ибни Хурайм, ки аз тарафи арабҳо волии Арманистон таъин шуда буд, дар ин кишвар зиндагӣ кардааст. Баъд ба Бағдод баргашта, бо як гурўҳ шоирон ва мутрибону ширинкорон, ки аксарашон арабизабонони эронинажод буданд, шарик мешавад. Xураймӣ бо ашъори худ, хусусан бо мадҳияҳояш дар Бағдод шуҳрат пайдо мекунад. Мадҳияҳои ў ба Бармакиён, аз ҷумла Яҳё ибни Холиди Бармакӣ, ба котиби онҳо Муҳаммад ибни Зиёд, ба вазир Фазл ибни Саҳл ва диг. бахшида шудаанд. Дар шеърҳои худ Xураймӣ  бисёр воқеаҳои таърихии замонашро акс кардааст.

Ашъори боқимондаи Xураймӣ аз қасидаҳои мадҳия, ҳаҷвия, фахр, ғазал ва зўҳдиёт иборатанд. Аз лиҳози шакл ашъори Xураймӣ дар қолиби анъанавии назми қадимии араб эҷод шудааст. Вале аз ҳайси мазмун дар он баъзе навигариҳо ба чашм мера санд, зеро Xураймӣ аз байни шоирони араб нахустин шуда ба муқобили шакли шахшудаи қасидаҳои арабӣ, ки ҳатман бо тасвири манзили тарккардашудаи маҳбубаи ғайбзада ва изи пои уштурони рафта оғоз меёфтанд, баромада, ин усулро масхара мекунад.

Шеърҳои Xураймӣ зебо ва оҳангнок буда, як қатор байту мисраъҳои ҳикматомези онҳо ҳанўз дар замони зиндагии шоир ба зарбудмасалу мақол табди л ёфтаанд. Т. Мардонов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …