Маълумоти охирин

ХУНСОӢ

ХУНСОӢ, хуносоӣ, хунасоӣ, дар як организм мавҷуд будани узвҳои ҷинсии нарина ва модинаро гўянд. Xунсоӣ дар ҳайвонот табиӣ ва ғайритабиӣ (патологӣ) мешавад. Хунсоии табиӣ асосан дар байни бемуҳраҳо дида мешавад. Ҳангоми чунин навъи Xунсоӣ дар организм ҳам хуҷайратухм ва ҳам нутфа ҳосил мешавад. Хунсоии ғайритабиӣ дар ҳамин гуруҳҳои ҳайвонот ва одам мушоҳида мешавад. Хунсоҳои одам нуқси модарзодист. Хунсоиро бо ҷарроҳӣ ва гормонҳо муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …