Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХУНРАВӢ

ХУНРАВӢ

xunravi

ХУНРАВӢ, аз рагҳои хунгард шоридани хунро гўянд, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ  ё беморӣ осеб ёфтаанд. Ҳангоми Xунравӣ ранги пуст ва пардаҳои луобӣ парида, cap чарх мезанад, бемадорӣ, нафаскутоҳӣ, ташнагӣ зоҳир мешавад; ҳангоми Xунравӣ фишори артериявӣ паст ва набз суст мешавад. Якбора ба миқдори зиёд (25% ҳаҷми хун) хун рафтан хатарнок буда, боиси беҳушӣ мегардад. Xунравӣ дар шахсоне, ки ба атеросклерози рагҳо гирифторанд, дер ва бо душворӣ қатъ мешавад. Барои муваққатан боздоштани Xунравӣ бо рагбанд ё дока ҷои захмро баста, аз доруҳои рагтангкунанда, ях, исфанҷҳои хуншахнунанда истифода мебаранд. Аксар вақт ин гуна тадбирҳо ба қатъиян бардоштани Xунравӣ кифоя аст, дар акси ҳол барои қатъиян боздоштани Xунравӣ усулҳои ҷарроҳия (бастани paг. духтан, бурида партофтани узв ё қисми иллатноки он)-ро ба кор мебаранд. Ҳангоми Xунравӣ истифодаи маҳлулу моддаҳои хунивазкунанда, ки бастани хунро метезонанд ва хунгузаронӣ зарур аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …