Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХУНПАРТОӢ

ХУНПАРТОӢ

xunpartoi

ХУНПАРТОӢ, аз узвҳои нафаскашӣ тарашшўҳи хунро гўянд. Xунпартоӣ ҳангоми касалиҳои шуш, сил, омос, газак, думмал, инфаркти шуш ва баъзе бемориҳои дилу системаи хун ва ғ. дида мешавад. Сабаби Xунпартоӣ захмдор ё кандашудани рагҳои хунгард, инъиқоди хун дар шуш ва афзудани тадохули девораҳои рагҳои борик мебошад. Ёрдамчии аввалин: беморро дар ҳолати нимнишаст гузошта, ба синааш халтаи ях мондан; оромӣ. Муолиҷа: бартараф намудани сабабҳои Xунпартоӣ: истифодаи доруҳои хунбанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …