Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХУНБАҲО

ХУНБАҲО

ХУНБАҲО, миқдори муайяни мол ё пулест, ки ба ивази хуни мақтул ба соҳиб аҳли хонаводаи ў дода мешуд. Дар Қуръон байни қатлй қасдан ва қатли саҳван фарқ гузошта шудааст. Дар ҳолати аввал қасоси хунӣ раво дониста шуда, дар ҳолати дуюм қотил бояд Xунбаҳо диҳад. Касоне, ки имконияти Xунбаҳо додан надоштанд барои кафорати гуноҳ мебоист ду моҳ рўза медоштанд. Дар натиҷаи омезиши дину оини ислом бо урфу одат ва дини халқиятҳои дигар ба шариат баъзе унсурҳои хилофи аҳкоми ибтидоии ислом ворид гаштанд. Мас., Хунбаҳоро асосан бо пул адо мекардагӣ шуданд. Баъди ба Россия ҳамроҳшавии Осиёи Миёна масъалаи Хунбаҳоро судҳои вилоятӣ ҳал мекардагӣ шуданд.

С. Маҳмадуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …