Маълумоти охирин

ХУМ

xum

ХУМ, як навъ зарфи бедастаи сафолиро гўянд. Xум аз қадим дар байни халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон маъмул буд. Намунаи қадимтарини он дар Тоҷикистон аз деҳаи Кангурт (раёни Совет) ёфт шуд, ки ба давраи 2 то м. мансуб аст. Дар ибтидо Хумро дастӣ ва минбаъд дар чархи кулолӣ месохтанд. Хумҳо одатан байзашакл, фарохдаҳон буда, андоза ва ғунҷоишашон гуногун мешуданд. Дар онҳо об, мусаллас, шиннӣ, ғалла, орд, равған ва диг. озуқа захира мекарданд. Дар гузашта Хумро баъзан барои нигоҳ доштани ашёи гаронбаҳо, аз ҷумла тиллою зару зевар истифода мебурданд. Майитҳоро низ дар он дафн мекарданд. Ҳоло Xумҳои дастадор низ маъмуланд.

П. Самойлик.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …