Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУЛОСАТ-УЛ-АХБОР Фӣ БАЁНИ АҲВОЛ-ИЛ-АХЁР

«ХУЛОСАТ-УЛ-АХБОР Фӣ БАЁНИ АҲВОЛ-ИЛ-АХЁР

«ХУЛОСАТ-УЛ-АХБОР Фӣ БАЁНИ АҲВОЛ-ИЛ-АХЁР («Хулосаи ахбор дар баёни аҳволи зиндагии одамони нек»), асари Хондамир, ки ба таърихи умумӣ оид буда, солҳои 1498— 1500 таълиф шудааст. Асар аз дебоча, муқаддима, 10 боб ва хотима иборат аст. Бобҳои 1 ва 2 дар бораи пайғамбарон (пеш аз Муҳаммад), ҳакимон ва файласуфони қадим, боби 3 доир ба сулолаҳои қадимии эрониву араб, бобҳои 4 ва 5 дар бораи Муҳаммад, хулафои рошидин ва имомҳои шиа маълумот медиҳанд. Бобҳои 6—7 ба Умавиён ва Аббосиён, боби 8 ба таърихи сулолаҳои мухталиф, ба монанди Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, оли Буя, Ғазнавиён, Ғуриён, Исмоилиёни Мағрибу Эрон, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Атобакҳо, Қаракидониён, Музаффариён, Сарбадорон, Ҳокимони Систон, Куртҳои Ҳирот оид аст. Дар бобҳои 9—10 муаллиф роҷеъ ба муғулҳо, Темур ва Темуриён маълумоти муҳим гирд овардааст. Дар хотимаи асар ш. Ҳирот в а одамони машҳури он дар нимаи дуюми а. 15 тасвир ёфтаанд. «Xулосат-ул-ахбор фи баёни аҳвол-ил ахёр» барои тадқиқи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон дар асрҳои миёна сарчашмаи муҳим аст. Нусхаҳои алоҳидаи асар дар китобхонаҳои Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла фонди дастхатҳои Шуъбаи Ленинградии Иниститути шарқшнносии АФ СССР [№ Д 76 (а 571)] маҳфузанд.

А. Ҷалолов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …