Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУЛОСАТ-УЛ-КАЛОМ»

«ХУЛОСАТ-УЛ-КАЛОМ»

«ХУЛОСАТ-УЛ-КАЛОМ» тазкираест, ки Алӣ Иброҳими Халилхони мутахаллис ба Халил с. 1784 дар Банорас (Ҳиндустон) таълиф кардааст. Шарҳи ҳоли 77 шоири маснависаро ва мунтахаби маснавиёти онҳоро дар бар мегирад.

Ба тартиби ҳуруфи алифбои арабӣ сохта шудааст. Бо исми Асадии Тусӣ шуруъ шуда, бо Ҳилолӣ анҷом ёфтааст. Дар оғози тазкира (қисми «.Дар сабаби таълиф ва баёни маохиз…») тазкиранигор ақоиди ҷолиби диққате оид ба мақсади тазкираи худ ва умуман тазкиранигорӣ баён кардааст. Ба ақидаи ў «мақсуд аз тазкираи шуаро намоиши салиқаи интихоб ва эроди ашъори гузидаи…» шоирон мебошад. Муаллиф аз 188 маснавии ҳамосӣ, ишқӣ, пандуахлоқӣ, ирфонии Фирдавсӣ, Асадии Тусӣ, Саноӣ, Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Ҳоқонӣ, Саъдӣ, Замирӣ, Салмони Соваҷӣ, Ҷомӣ, Зуҳурии Туршезӣ, Ассор, Калим, Нозими Ҳиравӣ, Ҳилолӣ, Бедил ва диг. намуна овардааст. Аз маснавиёти калонҳаҷм—«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ ва ғ. порчаҳоро тавре интихоб кардааст, ки рабти маъноии абёт ва тасалсули достонҳо барҳам нахурдааст. Муаллиф якчанд тазкираҳои муътабар аз қабили «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Тазкираи Насрободӣ», «Хулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор», «Калимот-уш-шуаро», «Тазкират-ул-муосирин», «Гули раъно», «Сарви Озод» ва якчанд асарҳои таърихиро дар шумори маъхазҳои «Xулост-ул-калом» ном бурдааст. «Xулост-ул-калом» ба табъ нарасидааст. Нусхаҳои дастнависи он дар Бодлеан (Англия), Банкипур (Ҳиндустон), китобхонаи марказии Теҳрон ва китобхонаҳои дигари ҷаҳон маҳфузанд.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …