Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУЛОСАТ-УЛ-ҲИСОБ»

«ХУЛОСАТ-УЛ-ҲИСОБ»

 «ХУЛОСАТ-УЛ-ҲИСОБ» асари Баҳоуддини Омули, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони арабӣ таълиф кардааст. Ин асар аз дебоча, муқаддима, даҳ боб ва хотима иборат буда, бобҳои 1—5 ба илми ҳисоб, бобҳои 6—7 ба илми ҳандаса, боби 8 ба алҷабр, боби 9 ба прогрессия ва боби 10 ба баъзе ҷиҳатҳои илми ҳисоб оиданд. Муаллиф дар «Xулосат-л-ҳисоб» дар қатори чор амал, инчунин дар хусуси амали панҷуми аз реша баровардани ададҳои натуралӣ, се тарзи ҳисоби масоҳати доираю ҳаҷми кура, ҳаҷми муодилаҳои хаттӣ ва ғ. таваққуф намуда, дар қисмати алҷабр моҳияти «алҷабр в-ал-муқобала»-ро шарҳ додааст.

Ад.: Матвиевская Г. П., Учение о числе в средневековом Востоке, Тошкент, 1967.

Қ. Осимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …