Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР ВА ЗУБ-ДАТ-УЛ-АФКОР»

«ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР ВА ЗУБ-ДАТ-УЛ-АФКОР»

«ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР ВА ЗУБ-ДАТ-УЛ-АФКОР» тазкира, таълифи Тақиуддин Муҳаммади Кошонӣ. Таълифи «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор» с. 1567 шуруъ шуда, бо такмилу таҳрироти зиёде с. 1607 ба анҷом расидааст. Дар тазкира оид ба 651 шоири пешгузашта ва муосири муаллиф маълумот ва аз ашъори онҳо тақр. 35000 байт намуна оварда шудааст. «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор аз муқаддима, чаҳор фасл, чаҳор рукн ва ду қисми хотимавӣ иборат аст. Дар муқаддима сабаби таълифи тазкира, роҳу равиши муаллиф дар таълифи асар ва ғ. шарҳ ёфтааст. Чаҳор фасли баъдина аз хусуси ишқ – баёни ишқ, фазилати ишқ, ишқи маҷозӣ ва ҳақиқӣ, шарти муҳаббат баҳс мекунанд. Пас аз ин фаслҳо қисми иловагие (лоҳиқа) ҷой дорад, ки дар он муаллифи тазкира дар бораи назму наср ва фарқияти ин дар ду навъи каломи бадеъ сухан рондааст. Рукни аввал аз шуарои қасидасарои асрҳои 11—12 хабар медиҳад. Дар ин рукн зикри 54 шоир дар ду ҷилд омадааст. Ҷилди аввал бо шарҳи ҳоли Унсурӣ шуруъ шуда, бо зикри Ҳоқонӣ ба итмом мерасад. Ҷилди дуюм аз Заҳири Форёбӣ то Афзалуддини Кошонӣ. Рукни дуюм — «муштамил аст бар зикри ғазалсароёни мутақаддим ва баъзе аз қасидагуён…» Дар ии рукн 42 адиб зикр гардидааст. Бо номи Саъдии Шерозӣ оғоз ёфта, бо Шоҳшуҷои Кирмонӣ хатм мегардад. Рукни сеюм дар зикри аҳвол ва ашъори 47 шоири ғазалсарову қасидагўи мутааххир (нисбат ба замони таълифи тазкира), аз Ҳофизи Шерозӣ то Мавлоно Фаноӣ аст. Рукни чаҳорум зикри 102 наф. шоири а. 15-ро аз Абдурраҳмони Ҷомӣ то Ғазолии Машҳадӣ дар бар мегирад. Дар қисмҳои хотимавии тазкира мусанниф шарҳи ҳолу ашъори зиёда аз 400 адиби ҳамзамонашро меорад. Дар ин қисмҳо, ки ба «асл»-ҳо табақабандӣ шудаанд. шоирон аз рўи макони зиндагӣ (шаҳру вилоятҳо) зикр ёфтаанд. Аҳамияти «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор» дар омўзиши ҳаёту зиндагии шоирони асрҳои 11— 16 ва нигаҳдории осори онон калон аст.

С. Воҳидов, С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …