Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХУЛАНҶОН

ХУЛАНҶОН

xulangon

ХУЛАНҶОН, хулингон, хавланҷои, ховлаиҷон, хусравдор, хусравдору, хисавдору (Alpinia galanga, A. officinarum), гиёҳи бисёрсола (аз оилаи занҷабилҳо) ва доруест, ки аз он тайёр мекунанд. Xулаҷон решапояи ғафсу сергушти хушбўй ва тунд дорад. Бехи хушки онро дар саноати хурокворӣ чун хушбўй истифода мебаранд. Мевааш хушбўст, онро чун ҳил истеъмол мекунанд. Аз гул ва хушагулаш хуриш тайёр менамоянд. Хуланҷони худрўй асосан дар ноҳияҳои тропикии Осиё мерўяд. Онро бештар дар Ҳиндустон, Шри Ланка, Хитой, Ветнам, Индонезия ва ғ. мепарваранд.

Xуланҷон гиёҳи шифобахши қадимист. Бино ба маълумоти Абурайҳони Берунӣ ховланҷон як пораи чуби каҷў тобдори сурхи сиёҳтобест, ки таъми тунд ва бўи хеле форам доштааст. Абўалии Сино Хуланҷонро давои куланҷ ва иллати гурда ҳисобидааст. Xуланҷ барои табобати касалиҳои гурда яке аз давоҷоти хеле маъмул будааст.

Бехи сурхтоби Xуланҷ (A. galanga) сероҳар аст, инчунин 0,04% (дар решапояи A. officinarum 0,7—0,8%) равғани эфир (кофур, цинеол ва ғ.) дорад. Бисёр мамлакатҳои тропикии Осиё беху доруи Xуланҷ. (A. officinarum)-ро ба мамлакатҳои дигар мефурўшанд.     М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …