Маълумоти охирин

ХУЛАНГ

xulang

ХУЛАНГ (Vaccinium vitis-idaea) як навь буттаи ҳамешасабзи хурдест аз оилаи хулангиҳо (Vaccinia-сеае). Баландиаш аз 2 то 30 см, баргаш думчакўтоҳи чарммонанд (дарозиаш 0,5—2,5 см), гулаш зангулашакли гулобӣ, сершаҳд (охири май-июн мешукуфад), хушагулаш 2— 8 гула. Мевааш мудаввар, сурхранг. Асосан дар бешазори дарахтони сўзанбаргу омехтаи Европаи Шимолию Марказӣ, Осиё. Америкаи Шимолӣ мерўяд. Дар СССР хулангзорҳо бештар дар ноҳияҳои шимол ҷой гирифтаанд. Меваи Xуланг (моҳи сент,, баъзан авг. мечинанд) хуштаъм аст, 8—12% қанд, 2—3% туршӣ, инчунин, гликозиди вакцинин ва ғ, дорад. Онро тару тоза ва очоронида истеъмол мекунанд, аз он мураббою повидло мепазанд; дар қаннодӣ низ истифода мебаранд. Барги Xуланг 5— 7% гликозиди арбутин, флавонол, моддаҳои даббоғӣ дорад. Ҷўшоби барги онро ҳангоми бемории тарбод ва чун доруи пешоброн истифода мекунанд.

А. Ашуров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …