Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХӮЛАҲО

ХӮЛАҲО

xulaho

ХӮЛАҲО, системаҳои якҷинсаи макроскопиеро гӯянд, ки аз ду ё зиёда металл (баъзан металл ва ғайриметалл) иборат буда, хосияти махсуси металлӣ доранд. Xўлаҳо (мас., биринҷи, чӯян, пулод) ба одамон аз қадим маълум буда, аз онҳо (дар асрҳои биринҷӣ ва оҳан) асбобу олоти меҳнат ва лавозимоти ҷангӣ тайёр мекарданд. Алҳол қариб аз 90 хел металл зиёда аз 1 млн Xўлаҳо ҳосил мекунанд. Онҳо махсусан чуян, пӯлод ва феррохӯлаҳо) 95%-и масолеҳи металлии ҷаҳонро ташкил мекунанд. Дар PСС Тоҷикистон доир ба Xўлаҳо дар Иниститути химияи АФ, УДТ ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон тадқиқот мебаранд. Кормандони Иниститути химия бори аввал Хўлаҳои аълосифати алюминийро бо металлҳои ишқорзаминӣ, лантаноидҳо ва цирконий ҳосил карданд. Хўлаҳои мазкур аз алюминие, ки заводи алюминии Тоҷикистон ҳосил мекунад, мустаҳкамтар буда, қобилияти хуби электргузаронӣ дорад.     Н. Қобилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …