Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХУҶӢ

ХУҶӢ

ХУҶӢ, қароргоҳи палеолитии давраи мустъеи мансуб ба ҳазораҳои 50—30 то м., ки 40 км ғарбтар аз Душанбе, дар қатортеппаҳои пеши нишебиҳои ҷанубии қ-кӯҳи Ҳисор (1200 м аз с. б.) воқеъ аст. С. 1978 бостоншинос В. А. Ранов кашф ва тадқиқ нам уд. Қабати маскуни Xуҷиро қабати 30-метраи зардхок пӯшидааст. Дар Xуҷӣ бештар аз 7642 олоти сангӣ ба даст омадааст. Фона яке аз олоти хоси қароргоҳ буда, навъҳои гуногуни он — секунҷа, нӯгтез, борик ва ғ. ёфт шудаанд. 14%-и бозёфт аз олоти меҳнат иборат аст. Аз Xуҷӣ устухони буз ва ғурм, гавазн, асп, сангпушт, хирс, гург ёфтаанд. Аз рӯи нишонаҳояш қароргоҳ ба леваллуа (навъҳои мустъеи маданияти мустъеи Осиёи Миёна) нисбат дорад. Ошкор гардидани Xуҷӣ саҳифаи навест дар таърихи бостоншиносии тоҷик.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …