Маълумоти охирин

ХУҶДОР

ХУҶДОР, говмашанг, девмашанг, нарқайсар (Verbena officinalis), гиёҳи бисёрсолаи худрӯест аз оилаи хуҷдориҳо. Пояаш рост, чорқирра, сершоха (аз 10 см то 1 м қад мекашад). Баргаш пармонанди чок-чок ё паррадор (дарозиаш 3—9 см, бараш 1—4 см). Хӯшагулаш ҷорӯбакмонанд (дарозиаш 10—25 см), гулаш майда, 4 баргаи гулобӣ, нофармон, кабуд ё нилгул (аз май то сент. мешукуфад). Meваашро «чормағзак» (аз чор ҳисса иборат) мегӯянд; вазни 1000 донааш 0,75 г.

xujdor

Xуҷдор одатан дар ҷойҳон сернам, лаби ҷӯй, боғ, канори роҳ, инчунин чун алафи бегона дар киштзор (кишти юнучқа, пахта, кунҷид ва ғ.) месабзад. Дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, к. Мевагул, воҳаи д. Сир, Тоҷикстонт Ҷанубӣ: 600—2300 м аз с. б.) бештар дар минтақаҳои ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, тӯғайзор, алафзор, марғзори баландкӯҳ ва ғ. нумӯ меёбад.

Хуҷдор гиёҳи доруии қадимист. Юнониҳо онро гиёҳи «муқаддас» меҳисобанд, гӯё ба кас хушбахтӣ меовардааст. Аа ин рӯ, Хуҷдорро ба монанди испанд ба ҳама дард даво медонанд. Абӯалии Сино бо Xуҷдор ҷароҳати куҳна ва омосро сиҳат мекард; ҷӯшобашро чун доруи пешобу ҳайзрон истифода мебурд. Дар тибби Ҳиндустон баргу пояи тари Хуҷдорро чун доруи муқаввӣ  ва барои табобати иллати асаб тавсия медиҳанд Дар тибби халқии Булғория бо ҷӯшоби баргу пояаш зиққи нафас, ниқрис, тарбод, дарди санги гурда, дунбал, ҷароҳати куҳан ва ғ-ро муолиҷа мекунанд. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) алафи Xуҷдор (Herba Verbenicae)- асосан доруи балғамовар ҳисоб меёбад.

Гули Xуҷдор сершаҳд аст. Бехашро барои хушбӯӣ кардани очори бодиринг истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ дони Xуҷдор (девмашанг)-ро бештар кафтар мехурад.

Ад.: Землянский С. Б., Лекарственные растения СССР, М.. 1968; Флора Таджикской ССР, т. 7, Л., 1983.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …