Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУДОЁРОВА Гулмаст

ХУДОЁРОВА Гулмаст

ХУДОЁРОВА Гулмаст (тав. 1924, деҳаи Шўркои  p-ни Восеъ, вил. Кўлоб), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966). Аъзои КПСС аз соли 1956. Солҳои 1942—64 колхозчӣ, 1964 —79 сардори бригадаи пахтакории колхози «Правда»-и p-ни Москва ва аз с. 1979 нафақахўри шахсӣ. Соли 1971 аъзои КМ ПК Тоҷ. интихоб шудааст. Иштирокчии  Съезди 17-уми ПК Тоҷ. Бо ордени Ленин, медали «Ба­рои меҳнати шуҷоатнок. Ба муно­сибати 100 солагии рўзи таваллуди В. И. Ленин» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …