Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУДОНАЗАРОВ Давлатназар

ХУДОНАЗАРОВ Давлатназар

xudonazarov-d

ХУДОНАЗАРОВ Давлатназар (тав. 13. 3. 1944, ш. Хоруғ, ВАБК), оператор, режиссёр ва сценариянависи советии тоҷик, Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1972). Коркуни Хизматнишондодаи Правленияи ИК СССР (аз с. 1986). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с. 1982. Фаъолияти эҷодии Xудоназаров ҳамчун ёрдамчии оператор с. 1958 дар киностудияи «Тоҷикфилм» оғоз ёфтааст. Факултети оператории ВГИК-ро хатм кардааст (1985). Аввалин филми банавор гирифтаи Худоназаров «Алла» (1966) мебошад. Минбаъд дар эҷоди филмҳои зерин ҳамчун муаллиф, режиссёр ва ё оператор иштирок кардааст: «Лаҳзае чанд аз Афғонистон» (1989), «Мирсаид Миршакар» (1972), «Хоруғ» (1972), «Исфара» (1976), «Салом Москва» (1977), «12 рўз дар Бағдод» (1978), «Ҷашни Абўалии Сино» (1981), «Роҳи дўстӣ» (1981). Xудоназаров оператор-таҳиягари филмҳои бадеии телевизионии «Ҷўра-Саркор» (1969), «Достони Рустам», «Рустам ва Сўҳроб» (1971), «Достони пахта» (1974), «Достони Сиёвуш» (1976), «Ба Трускавец кӣ меравад?» (1976) мебошад.

У санъати режиссёриашро дар офаридани филмҳои бадеии «Субҳи нахустини ҷавонӣ» (1981) ва «Марди роҳ» (1982) бараъло нишон дод. Бахшида ба ҷашни 60-солагии таъсиси РСС Тоҷикистон ва Партияи коммунисии он як силсила филмҳои ҳуҷҷатиро офарид, ки муаллифи сценария ва режиссёри онҳо худи ўст: «Моро ҷавонӣ раҳнамо буд» (1983), «Лётчик» (1984), «Тавлид» (1984), «Оғоз» (1985).

Узви жюрии Кинофестивали байналхалқӣ дар ш. Гренобл (Франция. 1971), узви Правленияи ИК РСС Тоҷикистон (аз с. 1969) ва Правленияи Ассоциацияи ходимони кинои иттифоқи ҷамъиятҳоя советии дўстӣ ва робитаҳои маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ. Аъзои Комиссияи тафтишоти ПК Тоҷикистон (аз с. 1985). Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Д. Хушқадамов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …