Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХУДОМӮЗӢ

ХУДОМӮЗӢ

ХУДОМЎЗӢ, маълумотест, ки берун аз донишкадаҳо мустақилона ҳосил мешавад. Xудомўзӣ қисми таркибии таълими мураттаби донишкадаҳост, ки ба донишандўзии мукаммал мусоидат менамояд. Xудомўзӣ ҷузъи муҳимми кори таълимию илмӣ ва эҷодист. Газета, радио, телевизион, шунидани маърўза, рафтан ба музей, виставка, кино, театр, суҳбати мутахассисони соҳаҳои гуногун ба Xудомўзӣ ёрӣ мерасонанд.

xudomuzi

Худомўзии педагогӣ соҳаи махсусест, ки ба муаллимон, мураббиҳо ва диг. кормандони соҳаи маорифи халқ барои васеъ кардани доираи дониш оид ба педагогика, психология ва методикаи фанҳои алоҳида имконият фаро меоварад. Худомўзии педагогӣ ҷиҳатҳои зеринро дар бар мегирад: баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ; баланд бардоштани маданияти педагогӣ; дараҷаҳои донишҳои психологию педагогӣ: афзудани савияи дониши умумӣ.

О. Каримова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …