Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХУДБИНӢ

ХУДБИНӢ

ХУДБИНӢ, эгоизм, сирати шахсеро гўянд, ки манфиатҳои худро аз нафъи ҷамъият афзал медонад. Xудбинӣ хилофи ғайрбинӣ (алтруизм) буда, мазмуну моҳияти зиддигуманистӣ дорад. Дар афкори ахлоқии мутафаккирони асрҳои миёнаи форс-тоҷик Худбинӣ хислати бади инсонӣ ба шумор рафта, ба он фазилатҳои неки ахлоқӣ муқобил гузошта шудааст. Муаллифонн  «Ахлоқи  Hосирӣ» ва «Ахлоқи Ҷалолӣ» Худбиниро бо такаббур ва кибру ғурур дар як зина қарор дода, ба онҳо ахлоқи ҳамидаи инсониро муқобил гузоштаанд.

xudbimi

Xудбинӣ дар ҷамъияти капиталистӣ меъёри фаъолии инсон дониста мешавад ва он хусусияти зиддиҷамъиятию  иртиҷоӣ дорад. Ахлоқи коммунистӣ ҳар гуна зуҳуроти Худбиниро маҳкум карда, ба он принсипи коллективизм ва хизмати софдилона ба халқу ватанро муқобил мегузорад. Марксизм-ленинизм ақидаи вуҷуди абстрактӣ будани инсон ва «табиати азалии Xудбинӣ» доштани ўро рад намуда, бартараф сохтани Худбинӣро ба барҳам додани моликияти хусусӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва барпо кардани ҷамъияти коммунистӣ марбут медонад.     М. Мирбобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …