Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХРОМОВ Альберт Леонидович

ХРОМОВ Альберт Леонидович

ХРОМОВ Альберт Леонидович (тав. 28. 8. 1930, Новгород), эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1970), проф. (1971). Аз оилаи хизматчӣ. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1954). Ходими хурд ва ходими калони илмии Иниститути забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1954-64), мудири кафедраи забонҳои хориҷии УДТ (1964—68), ходими калони илмии кафедраи забони тоҷикӣ УДТ, доцент (1968—71) ва профессори кафедраи забони форсии УДТ (1971—81) буд. Аз с. 1981 ходими калони илмии Иниститути шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон. Ба тадқиқи шеваҳои забони тоҷикӣ, забонҳои яғнобию суғдӣ, масъалаҳои гуногуни топонимияи таърихию кунунии республикаҳои Осиёи Миёна, омўзиши муқоисавии забонҳои эронӣ, таърихи филологияи Эрон, жаргону забонҳои шартии халқҳои эронизабон ва ғ. машғул аст. У тавассути ҳисоб мошини электронӣ забони суғдиро омўхта, ҳамроҳи Б. А. Лившис тадқиқи ҷиддию мукаммали онро ба анҷом расонд. Xромов ба муносибати ҷашни 1000-солагии Абўалии Сино «Китоб-ун-нафс» -и ўро аз арабӣ ба русӣ гардонда, ба он тавзеҳоти муфассали илмӣ навишт. Ў инштирокчии якчанд симпозиуму конференцияҳои байналхалқист.

Ос.:        Говоры таджиков Матчинского района. Д., 1962; .Историко-лингвистическое исследование Ягноба и Верхнего Зеравшана. Д., 1970; Ягнобский язык, М., 1972; Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана, в. 1, Я., 1975; Согдийский язык (хамрохи В. Л. Лившис) дар кит.: Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки, М., 1981.          Ш. Ҳайдаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …