Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОЯНДАҲО

ХОЯНДАҲО

ХОЯНДАҲО як қатори нисбатан сершумори синфи ширхўрҳоро гўянд. Xояндаҳо знёда аз се ҳиссаи ҳамаи намудҳои ширхўрҳо ва қариб нисфи намудҳои фаунаи СССР-ро ташкил мекунанд. Дандонашон калон буда, ҳангоми хоидани хўрок худ аз худ тез мешавад, дандони ашк надоранд. Байни дандонҳои курсӣ ва дандонҳои пеш холигӣ мавҷуд аст. Дар СССР 11 оилаи Xояндаҳо, аз ҷумла ҷайра, нутрия, тавушқонҳҳо, муш, кўрмуш, суғур, юрмон ва ғ. мавҷуданд. Дарозиашон аз 5 см то 1,25 м. Дар ҳама ҷой паҳн шудаанд. Бисёр Xояндаҳо ба хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии ҷангал зарар мерасонанд. Баъзе Xояндаҳо паҳнкунандаи касалиҳо мебошанд. Дар СССР бо роҳи химиявӣ, биологӣ ва механикӣ  Хояндаҳои зараррасонро ҳаматарафа нобуд кардаистодаанд. Мўинаи баъзе намудҳои Xояндаҳо (санҷоб, нутрия, ондатра) қиматбаҳост. Аксар Xояндаҳо ғизои асосии ҷонварони мўинадеҳанд.

xoyandaho

Боқимондаҳои Xояндаҳо аз давраи палеосен маълуманд. Бино ба баъзе маълумот Xояндаҳо чун қатор дар табошир пайдо шудаанд.   Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …