Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОТИФИ ХУҶАНДӢ Абдуннабӣ

ХОТИФИ ХУҶАНДӢ Абдуннабӣ

ХОТИФИ ХУҶАНДӢ Абдуннабӣ (с. тав. номаълум, Хуҷанд — ваф. 1842 ё 1846, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Ба забони узбеки низ шеър гуфтааст. Аз хурдӣ ба омўзиши илму дониш саъю кушнш намудааст. Дар офаридани ғазал анъанаи шуарои бузурги тоҷикро идома додааст. Xотияи Xуҷандӣ шоири соҳибдевон буд, девонаш алҳол ба даст наёмадааст. Аз тазкираҳо, баёзҳо, «Радо-иф-ул-ашъор»-ҳо 5 қасида, зиёда аз 100 ғазал, 6 рубоӣ, 10 фард, 5 мухаммаси Xотифи Xуҷандӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ дастрас гардидаанд. Намунае аз ашъори Xотифи Xуҷандӣ:

Гашта то аз Машриқи ҳуснат намоён офтоб,

К-инчунин гардида дар олам гулафшон офтоб.

Аз таҷаллии ҷамолат ғолибан аксе гирифт.

Мешавад дар Бохтар ҳар шом пинҳон офтоб.

 

Рўзи ҳиҷрон сели ашкам оламе барбод дод.

Аз рухат бинмо ба бахти тирарўзон офтоб.

С. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …