Маълумоти охирин

ХОСТГОРӢ

ХОСТГОРӢ, як анъанаи қадимаеро гўянд, ки дар он хостгорон барои гирифтани розигии волидайни духтари интихобшуда ба хонааш мераванд. Дар бисёр шаҳру районҳои республикаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, аз ҷумла дар РСС Тоҷикистон маъмул аст. Баъзе унсурҳои маросими Xостгорӣ дар маҳалҳо фарқ мекунанд, вале мазмуну моҳияташ дар ҳама ҷо як хел аст. Агар волидайни духтари интихобшуда духтарашонро ба шавҳар додан хоҳанд, ба хостгорони аз тарафи домод омада сафедӣ медиҳанд, ки ин рамзи розӣ шудани валидайни арўс аст. Дар давраи советӣ хусусияти Xостгорӣ тағйир меёбад. Одатан ҷавонон ба якдигар аз руи ишқу муҳаббат муоҳидаи заношуӣ намуда, хостгоронро аз руи анъана фақат барои ба расмият даровардани номзадиашон ба хонаи духтар мефиристанд.

М. Ҳомидҷонова.

traditions

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …