Маълумоти охирин

ХОСТАК

ХОСТАК (Caragana), як ҷинси буттаҳоро (аз оилаи лубиёҳо) гўянд. Баргаш пармонанд, гулаш калон, парвонашакли гулобӣ, зард ё сурх. Ғилофакаш зуғўташакли сертухм, баъди пухтан кафида, мисли лубиё тоб мехўрад.

xostak

Дар Тоҷикистон 6 намуди Xостак—С. turkestanica (дар бисёр ноҳияҳои республика месабзад), С. prainil (фақат дар қ-куҳи Дарвоз ҳаст), С. jubata (буттаи хеле серхор, шукуфааш гулобист, дар нишебиҳои қ. кўҳҳои Олой ва Пасиолой мерў яд), С. arborescens (навъи боғист), С. acanthophulla (дар дараи Ворухи қ-куҳи Туркистон месабзад) ва С. ala-ica (буттаи қадпастест, ки гули зард дорад ва фақат дар нишебии қ-куҳҳои Олой ва Туркистон нумўъ меёбад) маълум аст. Xостак буттаи базеб аст. ҳоло фақат як намуди онро (С. turkestanica) мепарваранд. Xостак дар давраи гулшукуфт ва мевабандиаш хеле зебост. Xостак дар ҷангалдорӣ аҳамияти калон дорад; бо решаи худ нишебиҳоро мустаҳкам мекунад ва хокро аз обшўй шудан нигоҳ медорад.

Ад.: Запрягасва В. И.. Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л.. 1976; Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978.

А. Ашўров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …