Маълумоти охирин

ХОШОК

ХОШОК, алафи даравидаю хушконидаро (намиаш то 15—17%) гўянд. Xошок яке аз хурокиҳои асосии ҳайвоноти х. қ аст. Хошокро аз лубиёиҳо ва зироати хушадору алафҳои гуногун тайёр мекунанд. Хошоки зироати лубиёиҳо (юнучқа, себарга, мунч ва ғ.), хўшадор (ҷорубан, сулигиёҳ, райграс, арзанак, хардума, ҷавак) ва алафҳои гуногун (раҳдавак, ришибуз ва ғ.) серғизост. Хошоки ғеша, маймак, чойкаҳак, сарахс, чилбуғум камғизо ва бадхур мебошад. Хошоки алафи даштӣ назар ба Хошоки алафзори ботлоқҷойҳо серғизотар аст. Барои Хошоки хушсифат зироатҳои лубиёиро вақти ғунчабандӣ ё аввалҳои гулкунй, хушадорҳоро ҳангоми хўшабандӣ медараванд.

xoshok

Ҳангоми муайян кардани сифати Xошок ранг, бўй. гарду чанг, нармии онро ба ҳисоб мегиранд. Хошоки хуб сабз мешавад. Хошоки хушки хушсифат бўи хуш дорад. Хошокро дар ғарамҳо (дар ҳавои кушод), хошокхонаҳо ва шипангҳо нигоҳ медоранд. Дар СССР қариб 40 —45% воҳиди хурокӣ ва то 50% протеини ҳозими хуроки зимистонӣ аз ҳисобн Xошок аст. Ба ҳайвонот соле зиёда аз 80 млн т Xошок медиҳанд.

Ад.:Қосимов Ҷ. К. (ва диг.], Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975; Ларин И. В., Луговодство и пастбищное хозяйство, Л., 1969.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …