Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРПӮШТ

ХОРПӮШТ

ХОРПЎШТ, роваро, раавро, рекоша, рекоса (Erinaceidae), як навъ ҷонварони ширмакро гўянд. Бино ба таснифоти зоологӣ Xорпўшт ба оилаи ширхурҳои қатори ҳашаротхурҳо (Insectivora) мансубанд. 20 намуд доранд, ки ба 2 зероила —Xорпўштҳои калламушшакл ва Хорпўштҳои ҳақиқӣ (Erinaccinae) муттаҳид мешаванд.

xorpusht

Хорпўштҳои ҳақиқӣ думи кўтоҳ, хор (дар тахтаиушт) ва дар зери пуст мушаки ҳалқаӣ (ҳаноми кашиш хурдани он бадани Xорпўшт курашакл мешавад) доранд. Хорпўштҳо дар Европа, арзҳои муътадили Осиё, Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон) ва Африка паҳн шудаанд. 3 чинсаш мавҷуд аст. Дар СССР 4 намуди Xорпўшт (гўшдароз, хордароз, муқаррарӣ ва даурӣ) вомехўрад. Дар зери бутта лона месозад. Зимистон ба хоби мавсимӣ меравад. Хурокаш ҳашарот, ҷонварони муҳрадори хурд (аз ҷумла мор) ва баъзан растанӣ мебошад. Ҳашароти зарарнокро нест мекунад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …