Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОРИҶИЯ

ХОРИҶИЯ

ХОРИҶИЯ (аз ар. —берун шудан), аввалин фирқаи исломро гуянд, ки дар ҷараёни муборизаи Алӣ ба муқобили Муовия барои хилофат пайдо шуда буд. Дар ибтидо Xориҷия манфиати оммаи васеи халқ, хусусан деҳқононро ифода мекард ва таълимоти нисбатан демократии ҷамоаи исломиро тарғиб менамуд. Фирқаи мазкур баробарии ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла аҳолии ғайриарабро талаб мекард. Таълимоти Xориҷия роҷеъ ба хилофат ва имомат аз таълимоти аҳли суннат ва шиа ба куллӣ фарқ мекунад. Ба ақидаи Хориҷия халифаю имом ҳамчун пешвои динӣ ва сиёсии ҷамоаи исломӣ ё давлат бояд интихобӣ бошанд ва ҳаман диндорон новобаста аз аслу насаб ҳуқуқи интихоб дошта бошанд. Xориҷия таълим медод, ки ҷамоаи ҳар як маҳал метавонад барои худ халифа (имом)-ро интихоб намояд, аз тахт бенасиб созад ва ҳатто ба қатл расонад. Аҳли Xориҷия танҳо ду халифаи аввал – Абўбакру Умарро қонунӣ дониста, Усмонро эътироф намекарданд. Алӣ ба ақидаи аҳли Xориҷия танҳо то давраи мубориза бо Муовия қонунӣ дониста мешуд. Баъзе аз хориҷиён ақида доштанд, ки ғуломони исломро қабулкарда бояд аз ғуломӣ озод шаванд, зеро мусулмон ғулом шуда намета вонад. Таълимоти динии Xориҷия барои исботи назарияи сиёсии хориҷиён хизамат мекард. Онҳо намоз, рўза ва диг. маросимҳоро дақиқ анҷом дода, ба масъалаҳои ахлоқӣ бештар таваҷҷўҳ доштанд. Хориҷиён натанҳо покии ҷисмонӣ, балки покии маънавиро ҳам талаб намуда, қатъиян зидди Гунаҳкорӣ, шукўҳу ҳашамат, тафреҳу вақтхушӣ (мусиқӣ, рақсу бозӣ, истеъмоли машрубот) мебаромаданд. Дар натиҷаи тарғиби чунин ғояҳои таълимоти Xориҷия дар илоҳиёти ислом — калом рукни муҳим оид ба таносуби эътиқоду амал (бе тақвияти амали порсо эътиқод бесамар аст) ба вуҷуд омад. Мувофиқи он шахсони гуноҳи кабира содиркарда ва ба ҳаққонияти эътиқоди худ шаковарда баробари кофиранд ва бар зидди онҳо ҷиҳод равост. Қатли муртадон принсипи маъмули динии Xориҷия эълон гардид. Xориҷия нисбат ба адли зардуштия, масеҳият ва яҳудия бетаассубӣ зоҳир менамуд.

Зимни мубориза барои хилофат ва тасодумоти байниқабилавӣ ох. а. 7 ҳаракати Xориҷия аз Ироқ ба дигар мамлакатҳои араб интишор ёфт. Вале Умавиён муборизаи бераҳмонаро бар зидди хориҷиён пурзур карда нд. Дар натиҷа қисме аз аҳли Xориҷия алалхусус шаҳриён аз мубориза даст кашиданд ва фаъолияташонро бо тарғиби принсипҳои асосии Xориҷия маҳдуд намуданд. Ин гуруҳ бо номи ибодия маъмул аст.

Намояндаи охирини Умавиён Марвони II (ҳукмр. 744—750) дар натиҷаи ҷангҳои шадид хориҷиёнро шикаст дода бошад ҳам, хурўҷҳои сершумори хориҷиён дар нимчаз. Арабистон иқтидори Умавиёнро коҳонд ва ниҳоят боиси шикасти хилофати Умавия гардид. Вале низои дохилӣ боиси тафриқаи Xориҷия ва пайдоиши фирқаҳои азрақия, суфрия, ҳамзия гардид. Минбаъд дар маҳалҳои гуногун фирқаҳои аҳнасия, аҷорадия, байҳасия, ибозия, маймуния, мукаррамия, шаибия, язидия ва ғ. аз Xориҷия пайдо шуданд.

Ад.: Беляев Б. А., Мусульманское сектакство, М.. 1957; Ан-Наубахти. А л-Хасан ибн Муса, Шиитские секты, М.. 1973; Ислам Краткий справочник, М., 1983.            А. Шарифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …