Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОРАЗМШОҲ

ХОРАЗМШОҲ

ХОРАЗМШОҲ, унвони шоҳони Хоразм, ки аз давраҳои тоисломӣ то а. 19 вуҷуд доштанд. Абўрайҳони Берунӣ, Кайхусрави афсонавиро асосгузори сулолаи Xоразмшоҳ мешуморад. Гўё баъди 92 соли сокиншавии одамон дар Хоразм с. 1292 то м. ў ба ҳунмронӣ шуруъ кардааст. Инчунин Берўнӣ хабар медиҳад, ки с. 305 м. шоҳ Африғ ба сулолаи нав асос гузошта, дар ш. Кат (дар назди ҳозира ш. Берўнӣ) қалъаи худро сохтааст.

Амири қисми шим. Хоразм (марказаш ш. Гурганҷ) Маъмун ибни Муҳаммад қисми ҷан. онро забт карда, с. 995 ба сулолаи нави Xоразмшоҳ асос гузошт. Ин сулоларо с. 1017 Маҳмуди Ғазнавӣ аз тахт дур карда, Олтинтошро волии Хоразм таъин кард, ки он ба сулолаи сеюм асос гузошт ва ин сулола то с. 1043 ҳукм ронд. Дар таърих бештар сулолаи чоруми Xоразмшоҳ бо унвони «Хоразмшоҳиёни кабир» машҳур аст. Асосгузори он Ануштегин Ғуршод (1077) буд. Дар давраи набераи ў Отсиз (1127 —56) ва ворисонаш Хоразм давлати мустақил гардид. Дар давраи ҳукмронии Алпарслон (1156—72) ва махсусан Такаш (1172—1200) ва писари ў Муҳаммади Хоразмшоҳ (1200—20) Хоразм ба давлати пурқувват табдил ёфт. Сарҳади он аз соҳилҳои шимолии б. Хазар то халиҷи Форс ва аз Кавказ то Ҳиндукуш васеъ гардид. Дар замани ҳукмронии ,«Хоразмшоҳиёни кабир» ҳаёти иқтисодӣ, нҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат равнақу ривоҷ ёфт. С. 1220 истилогарони муғул ба ҳукмронии «Хоразмшоҳиёни кабир» хотима доданд. Дар давраҳои минбаъда маъхаҳҳои хаттӣ унвони Хоразмшоҳро танҳо нисбат ба баъзе аз намояндагони хонадони шоҳони Хоразм кор мефармоянд. А.Ҷалилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …