Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОРАЗМИЁН

ХОРАЗМИЁН

ХОРАЗМИЁН, номи як халқияти бостонии эронинажоди Осиёи Миёна аст, ки дар Хоразми Қадим зиста, қарнҳои баъдина ба таркиби қавму қабилаҳои дигар (аз ҷумла тоҷикон) дохил шудаанд. Xоразмиён бори аввал дар катибаи Бесутуни Дорои I ёдовар шудаанд. Дар асари «Таърих» -и Геродот бо номи хоразмиҳо (дар қисми шарқии вил. Порт) зикр ёфтаанд. Маълумоти хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ (аз қабрҳои мансуб ба а. 7 то м. бадастомада) шаҳодат медиҳанд, ки Xоразмиён ба забони хоразмӣ (яке аз шохаҳои забони эронии шарқӣ) гап  зада, аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди эвропоӣ дохил мошудаанд.

xorazmiyon

Ёдгориҳои хатттии аз Тўпроққалъа, Яккапарсон ва Тўққалъа ёфтшуда нишон медиҳанд, ки алифбои Xоразмиён оромиасос буда, ба алифбои суғдӣ ва портӣ наздик аст. Забони  Xоразмиён ба гурўҳи забонҳои эронӣ-шарқӣ дохил шуда, дар байни забонҳои суғдию осетинӣ (аз як тараф) ва портӣ (аз тарафи дигар) меистад. А. А. Фрейман қайд мекунад, ки «аз ҳазора и 2 то м. cap карда, дар Осиёи Миёна ҳамаи қабилаҳои эронинажод (Xоразмиён, суғдиён, сакоиҳо ва бохтаиҳо) ба забони эронии қадим гап мезаданд ва лаҳҷаҳои онҳо аз ҳамдигар кам фарқ доштанд».  Дар замони истилои араб дар байни Хоразмиён забони дарӣ (тоҷикӣ) паҳн шу два забони Хоразмиёни қадимро тадриҷан танг карда баровард. Сарчашмаҳои хаттӣ нишон медиҳанд, ки Хоразмиён дар асрҳои 10-11 дузабона буданд, яъне баробари забони дарӣ-тоҷикӣ забони хоразмии қадимро низ медонистанд ва бо он асар менавиштанд. Асрҳои 13—14 ҷойи забони хоразмию тоҷикиро тадриҷан забони туркӣ гирифт. Умумияти Хоразмиён бо дигар халқҳои эронинажоди Осиёи Миён натанҳо дар забон, балки дар урфу одат, дину оин ва маданият равшан мушоҳида мешавад. Абўрайҳони Берунӣ дар  «Осор-ул-боқия» менависад, ки «идҳои хоразмӣ бо суғдӣ якхела аст». Дини Xоразмиён ба монанди дини суғдиён ва бохтариҳою сакоиҳо зардуштии хоси Осиёи Миёна буд. Xоразмиён худоёни асосии Авесто аз ҷумла Аҳуромаздоро бо номи Ҳурмузд мепарастиданд, ки ба ин тақвими хоразмӣ шаҳодат медиҳад. Хоразмиён об, оташ бод ва хокро муқаддас медонистанд. Дар Хоразм ибодатгоҳҳои се оташи муқаддас: Озари Баҳром, Озари Меҳр ва Озари Фаранбағ вуҷуд доштанд. Дини зардуштияи хоразмиён ба монанди суғдиён бо бутпарастӣ алоқаи зич дошт. Зардуштияи Сосонӣ тасвири худоёнро манъ менамуд. Пайравони Зардуштияи Хоразм ибодатгоҳҳои зиёди худоёнро доштанд, ки дар онҳо муҷассама ва тасвири худою илоҳа-меҳр (Митра), Атар, Аноҳито, Баҳром, Амшоспандон вуҷуд доштанд. Маросими дафни Хоразмиён ба маросими суғдиён айният дошт. Майитро дар дахма гузошта, баъди гўшти онро хўрдани лошахўрону сагҳо устуғонҳояшро ба устадон андохта дар новуси оилавӣ мегузоштаанд. Дар болои устадонҳои аз Туққалъа ёфтшуда расми маросими мотам акс шудааст. Иштирокчиёни он дар гирди тобут истода, гирякунон мўй канда, ба сарашон мушт мезананд. Аксар мақбараҳои хоразмӣ мудавваранд. Санъати тасвирии Хоразмиён маҳсули як мактаби ҳунарӣ буд, ки фақат хоси ин вилоят аст. Хоразмиён дар худи давраи атиқа аз тилло, нуқра ва биринҷӣ зеваротро бо санъати баланд месохтанд. Бисёр зарфҳои аз қабрҳои асри биринҷӣ ба ибтидои ҳазораи 1 то милод ба дастомада дар чархи кулолӣ сохта шуда, бо санъати баланди тасвирии худ фарқ мекунанд. Санъати меъмории Хоразмиён дар асрҳои 5-4 то милод хеле равнақ ёфтааст. Дар ин давра толорҳои серсутун пайдо шуданд. Сутунҳоро дар болои курсиҳои сангин чоркунҷа гузоштаанд. Вошаҳои сутунҳо бошанд, ба муҷассамаҳои ҳайвонот шабеҳанд. Муҷассамаҳои худоён, олиҳаҳо, майитҳо, тасвири мотам(дар болои устадонҳо) ва зарфҳо аз санъати баланди рассомӣ ва ҳайкалтарошии Хоразмиён шаҳодат медиҳанд. Тангаҳои ёфтшуда гувоҳӣ медиҳанд, ки шоҳони Хоразм то истилои Араб эронинажод буданд. Рассомӣ бо санъати баланди тасвирӣ ва реалӣ расми шоҳонро дар тангаҳо, сикка заданд.

Дар аҳди Сомониён Хоразм ба яке аз марказҳои илму маданияти тоҷик табдил ёфта буд.

Ад.: Берўнӣ А., Памятники минувших поколений. Изб. произв., т. 1, Ташкент, 1957; Кой-Крыланган-Кала, М., 1967; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972; История Хорезма с древнейших времен до наших дней, Ташкент. 1976. Ю Ёқубов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …