Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХОРАЗМИ КАЛОН»

«ХОРАЗМИ КАЛОН»

«ХОРАЗМИ КАЛОН», номи яке аз қадимтарин давлатҳои Осиёи Миёна мебошад. Дар бораи пайдоиш, территория ва сохти «Xоразми Калон» дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмӣ маълумоти мухталиф мавҷуд аст. Баъзе олимон «Xоразми  Калон»-ро бо Аирйанам Ваеҷаҳ ном кишваре, ки дар Авесто зикр шудааст, як мамлакат мешуморанд. Дар Авесто Аирйанам Ваеҷаҳ аввалин вилояте ба шумор меравад, ки дар он таълимоти Зардушт паҳн шуда буд. Аксари олимон давраи Таҷании ҳозираро давраи . Aкес мешуморанд. Дар аҳди қадим д. Акес ба хоразмиён тааллуқ дошт. Аз ин рў, тахмин мекунанд, ки терр. Хоразми Қадим яке аз марказҳон «Xоразми Калон» буд. Дар асрҳои 8—7 то м. «Xоразми Калон» қариб тамоми ҳудуди Осиёи Миёна ва Эрони Шарқиро ишғол мекардааст. Ноҳияҳои Марв ва Ҳирот марказҳои асосии он ба шумор мерафтанд.

Санаи аниқи барҳам хўрдани «Xоразми Калон» маълум нест. Олимон тахмин мекунанд, ки аллакай дар давраи мавҷудияти давлати Мод вилоятҳои ҷанубии мамлакат истиқлолият ба даст оварда будаанд. «Xоразми Калон» ба ташаккули давлати қадими Хоразм (а. 4 то м.) замина гузошт. Ў. Бобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …