Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ХОРАЗМ

Вилояти ХОРАЗМ

ХОРАЗМ, вилоятест дар PСС Ўзбекистон 15 янв. 1938 ташкил шудааст. Масоҳ. 6,3 ҳаз. км2. Аҳолиаш 866 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 29%. 10 райони маъмурӣ, 7 шаҳр ва 2 птш дорад. Марказаш ш. Урганҷ. Сатҳи вилоят асосан ҳамвории паст. Поёноби д. Аму аз ҳудуди вилоят мегузарад. Ҳарор, миёнаи янв. -5°С, июл 29°С.

khiva-tours

Боришоти солона 80—100 мм. Каналҳои Полвон -Ғaзавот, Қиличбой, Тошсоқа ва диг. барои обёрӣ истифода мешавад.

Корхонаҳои пахтатозакунӣ, фабрикаҳои қолинбофӣ, дўзандагӣ дорад. Зироати асосиаш: пахта (2/3 ҳиссаи замини кишт) ва шолӣ. Току боғдорӣ, обчакорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Вилоят бо орденҳои Ленин (1963) ва Байрақи сурхи Меҳнат (1978) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …