Маълумоти охирин

ХОР

xor

ХОР, 1) дастаи ҳофизон. Xор аз рўи ҳайат якҷинса (занона, мардона, бачагона) ва омехта, аз рўи миқдори иҷрокунандагон калон ва хўрд мешавад. Хори омехта аз 4 гуруҳ иборат аст: сопрано, алт (овозҳои занона), тенор ва бас (овозҳои мардона). 2) Асари мусиқие, ки барои хор эҷод шудааст, қисми ягон асари мусиқӣ  — опера, месса, оратория ва кантата. Баъзан дар жанри созӣ : симфония (симфонияи 9-уми Бетховен, якчанд симфонияи Малер инчунин, дар балети «Щелкунчик»-и П. И. Чайковский) истифода мешавад. 3) Торҳои ҷуфт, сегона ва ғ. дар созҳои мусиқии тордор.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …