Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи ХОНСЮ

Ҷазираи ХОНСЮ

ХОНСЮ, Хондо, калонтарин ҷазираест дар Япония. Тўлаш зиёда аз 1400 км, масоҳ. якҷоя бо ҷазираҳои ҳамшафат қариб 230,4 ҳаз. км3. Аҳолиаш қариб 90 млн наф. (1977). Релефи Xонсю асосан аз куҳҳои паст ва баландиашон миёна иоорат аст. Дар маркази ҷазира куҳҳои нисбатан баланд (Хида, Кисо, Акаиси) ҷойгир шудаанд.

xonsyu

Дар Xонсю 19 вулқони амалкунанда ва бисёр вулқонҳои хомўшшуда мавҷуданд. Вулқони Фудзияма (баландиаш 3776 м) ҷои аз ҳама баланди Япония ба шумор меравад. Территорияи Xонсю ниҳоят серзилзила мебошад. Конҳон сулфур, маъдани оҳаи, мис, сурбу руд, нефт ва газ дорад. Иқлими Xонсю дар Шим. муътадил ва дар Ҷануб субтропикист. Дарёҳояш (Синано, Топе, Кисо) кўтоҳи кўҳӣ  ва серостона буда, захираи бойи гидроэнергетикӣ  доранд. Кўли калонтаринаш — Бива. Шаҳрҳои калонтаринаш: Токио, Осака, Нагоя, Киото, Йокохама, Кобе. Дар бораи хоҷагии Xонсю нигаред низ Япония.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …